User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 5 апрели соли 2022 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он мушовири

Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, ноиби якуми ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Д., сардорони шуъбаҳо, мудирони бахшҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ, инчунин намояндагони баъзе мақомоти давлатӣ-масъулони баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.   

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли равон  ва натиҷаи баргузории озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 

Ҷаласаро Давлатов Ҷ.М. директори Агентии хизмати давлатӣ  ифтитоҳ намуда, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. гузориш дод.

Қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2022 ба Агентии хизмати давлатӣ 1677 мавод, аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 202, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии њокимияти давлатӣ, ташкилотҳо 1306 мавод ва 169 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шудааст.

Дар ин давра аз Агентии хизмати давлатӣ 791 мавод содир шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ зимни қабули роҳбарият 9 муроқиат, аз қониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллӣ 12 муроҷиат, ҷамъ 23 муроҷиат ба қайд гирифта шуда, мушкилоти ҳангоми қабул баёнгардида баррасӣ ва ҳал карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 1 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ ва 12 ҷаласаи машваратии назди директори Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуда, 79 масъалахои марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, самтҳои асосии фаъолияти мақоми ваколатдори соҳа, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.  

Зикр гардид, ки мувофиқи таҳлили охирини омори соҳаи хизмати давлатӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2022 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21696 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18559 нафар (85,5 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3137 адад (14,4 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 11939 нафар (занон 2874 нафар ё 24,0 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3560 нафар (занон 1006 нафар ё 28,2 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3060 нафар (занон 562 нафар ё 18,3 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4442 нафар ё 23,9 фоизро ташкил дода, аз 5787 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1086 нафар ё 18,7 фоиз занони роҳбар мебошанд. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 49 нафар ва нисбат ба 1 январи соли 2022 76 нафар кам шудааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 22 нафар ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 27 нафар кам шудааст.

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8952 нафар (48,2 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 182 нафар ё 2,0 фоиз кам мебошад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда  теъдоди  ҷавонони то 35-сола  1506 нафар (26,0 фоиз) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 126 нафар нафар кам шудааст.

Шумораи хизматчиёни давлатие, ки дар соли 2022 ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ мерасанд, 284 (зан-66) нафар мебошанд.

Зимни гузориш натиҷаҳои озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, фарогирӣ ба аттестатсия, ротатсия, захираи кадрҳо, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ таҳлил карда шуд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2022 Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатї ва мақомоти давлатӣ 7 курси таълимӣ, аз ҷумла-1 курси азнавтайёркунӣ, 6 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро дар Академияи мазкур ва шаҳри Бохтар доир намуд, ки дар онҳо 385 (зан-157) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таҳсили иловагӣ фаро гирифта шуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 42 (зан-7) нафар хизматчиёни давлатии солҳои таҳсили 2020-2022 магистратураи дусоларо хатм намуданд. 

Дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар соли 2022 боз 60 (зан-20) нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба магистратураи яксола ва 64 (зан-12) нафар хизматчиёни давлатӣ ба магистратураи дусола қабул гардида, айни замон таҳсил доранд.

Аз ҷониби сардори шуъбаи  идоракунии захираҳои инсонӣ Юнусзода И.Ғ. қайд гардид, ки дар соли 2021 кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ дар 421 ҷаласаи комиссияҳои озмуни мақомоти давлатӣ иштирок кардаанд.

        Дар ин давра барои ишғоли 4318  мансаби холии маъмурии хизмати давлатї озмун эълон гардида, ба  3446 мансаби холї бо иштироки 7283 нафар, аз он зан-1357 (зан- 1319) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 3061 нафар, аз он зан-743 (зан-637) нафар довталабон барои ишғоли мансабњои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.

        Ба 872  мансаби дигар ҳуҷҷат супорида нашудааст. Ба ҳар як мансаб бо назардошти мансабҳои ҳуҷҷат насупорида 1,7 нафарӣ довталаб рост меояд.

Аз 3061 нафари ба мансабҳо таъингардида 2113 (зан-436) нафар   ҷавонони то 35 - сола мебошанд.

Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ таъингардида 574 нафар, аз он зан-176  нафар буда, аз ҳисоби ҷавонони то 35-сола 137 нафар, аз он зан-41  нафар ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.

         Ташкил ва гузаронидани озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар ин давра дар муқоиса бо солҳои пешин беҳтар гардида, бо роҳи озмун ба мансабҳо таъин намудан тамоюли мусбӣ дорад.

Директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои қойдошта дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бештари занон ба хизмати давлатӣ, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувон ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда, ҷиҳати пурра намудани ҷойҳои холии мақомоти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ, гузаштан ба низоми электронии идоракунии захираҳои инсонӣ ва таъмини истифодаи самараноки захираи кадрҳо дар хизмати давлатҳ ба   масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

 Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати иҷро супорида шуданд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон