Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 июни соли 2018 ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ машғулияти идоравӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандон баргузор гардида, дар он мавзӯъҳои «Ваҳдати миллӣ-омили муҳими рушди Тоҷикистон» ва «Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими Ваҳдату якдилӣ» мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Дар машғулияти идоравӣ Толибов Р.Ғ.-сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-омили муҳими рушди Тоҷикистон» сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд, ки барои ҳар кадом тоҷику тоҷикистонӣ Ваҳдати миллӣ баробари Истиқлолияти давлатӣ муқаддас дониста мешавад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон нишонаи хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳофарии мардуми шарафманди тоҷик буда, ба марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшидааст.
Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва якдилии мардуми Тоҷикистон мебошад.
Сипас мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва илмҳои табиатшиносии Донишкадаи идоракунии давлатӣ Мавлоназаров С.С. дар мавзӯи «Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими Ваҳдату якдилӣ» маърӯза намуд.
Аз ҷумла, зимни тавзеҳи масъала нақши шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳайси неруи қавӣ дар ташаккули афкори омма ва зербинои муколамаи қишрҳои гуногуни ҷомеа, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни машғулияти идоравӣ таъкид гардид, ки хизматчиёни давлатӣ дар ҳифзи сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ ва таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ масъулияти асосиро ба зимма доранд ва бояд дар густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ пайваста саъю талош намоянд.