Агентии хизмати давлатӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ шудааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ 72 нафар сармутахассисони шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 то 20 октябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Дар ифтитоҳи курси мазкур ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Абдулхолиқзода Л.А., раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Давлатзода С.П. ва муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Курси такмили ихтисос як ҳафта идома ёфта, дар ин муддат барои шунавандагони курси мазкур машғулиятҳо вобаста ба асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби таҳияи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мавриди танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, одоби хизматчии давлатӣ, фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ, асосҳои коргузорӣ ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар мақомоти давлатӣ, роҳу усулҳои пешгирии экстремизм ва терроризм баргузор карда мешаванд.
Дар интиҳои курси такмили ихтисос бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мизи мудаввар доир гардида, шунаван-дагони курси мазкур метавонанд фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба ҳалли масъалаҳои соҳа иброз намоянд.