User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

 

Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо аз ҷониби Ҳукумати Япония ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар курсҳои магистрӣ ва доктории донишгоҳҳои Япония (аз соли 2009-5, аз соли 2017-8, аз соли 2019-13, аз соли 2020-16) нафар тариқи озмун интихоб ва барои таҳсил ба Япония фиристода мешаванд.

Дар маҷмуъ дар давоми солҳои 2011-2024 136 (зан-25) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 94 (зан-16) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 37 (зан-2) нафар ё 39,3 фоиз аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд.

Айни замон таҳсили 42 нафар (41 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дошта, муҳлати таҳсил дар магистратура 2 сол ва дар докторантура 3 сол муқаррар гардидааст.

Дар як вақт барои давраи нави таҳсил (солҳои 2025-2027 барои магистратура, солҳои 2025-2028 барои докторантура) заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ ташкил карда шудаанд.

Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2024, №447 лоиҳаи Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Лоиҳа оид ба бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» маъқул дониста шуда, 8 августи соли 2024 аз ҷониби вазири корҳои хориҷӣ ба имзо расонида шудааст.

Ҳамчунин лоиҳаи Созишномаи грантӣ доир ба Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2024, №445  маъқул дониста шуда, 8 августи соли 2024 аз ҷониби вазири молия ба имзо расонида шудааст.

Дар асоси ҳамин санадҳо лоиҳаи Ќарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) аз 7 октябри соли 2024 аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатӣ ба имзо расонида шудааст.

Бо мақсади татбиқи самарабахши Лоиҳаи JDS дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2009, №151487(18-10) дар ҳайати намояндагони ҷониби Тоҷикистон (3 нафар - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, директори Агентии хизмати давлатӣ, сардори раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориљӣ) ва Япония (2 нафар -Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Тоҷикистон) Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо таъсис дода шудааст.

Фаъолияти Комиссияи зикргардида барои ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония нигаронида шуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Осиё ва Уќёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Хиросима (аз соли 2009),  Донишгоҳи  Ритсумейкан, Донишгоҳи Акита (солҳои 2020-2023) ва Донишгоҳи Дошиша (аз соли 2024) ба таҳсил фиристода  мешаванд.

Интихоби номзадҳо барои таҳсил дар магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония бо иштироки Комиссияи мазкур ва профессорони донишгоҳҳои Япония баргузор мегардад.

Бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои таҳсили 2025-2027 ба магистратура ва солҳои таҳсили 2025-2028 ба докторантура дар донишгоҳҳои Япония дафтари Лоиҳаи JDS дар Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои таблиғотии зерин аз 26 сентябри соли 2024 дархост пешниҳод намудааст:

         -рўзи 22 октябри соли 2024 аз соати 0900  то 1200  барои ҳамаи довталабони мақомоти марказӣ, маќқомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ пас аз чорабинии мазкур аз соати 1200 то 1300 барои довталабони зан чорабинии алоҳида гузаронида мешавад. Ҷойи баргузорӣ - Агентии хизмати давлатӣ;

         -рўзи  23 октябри соли 2024  аз соати 1000 то 1200  барои кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва аз соати 1400 то 1600  барои кормандони Вазорати молия (бо сохторҳои тобеъ) - ҷойи баргузорӣ-бинои вазоратҳои мазкур;

         -рўзи  24 октябри соли 2024 аз соати 1000 то 1200  барои кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва аз соати 1400 то 1600  барои кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо (бо сохторҳои тобеъ) - ҷойи баргузорӣ - бинои вазорату идораҳои мазкур;

         -рўзи  25 октябри соли 2024 аз соати 1000 то 1200  барои кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш (бо сохторҳои тобеъ) ва аз соати 1400 то 1600  барои кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об (бо сохторҳои тобеъ) - ҷойи баргузорӣ - бинои вазоратҳои мазкур;

         -рўзи 28 октябри соли 2024 аз соати 1000 то 1200  барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва рўзи  29 октябри соли 2024 аз соати 1000 то 1200  барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб, ҷойи баргузорӣ - маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кўлоб;

          -рўзи 30 октябри соли 2024 аз соати 1000 то 1200  тариқи фосилавӣ (онлайн) барои довталабони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва  шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, ҷойи баргузорӣ - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ;

         -рўзи 31 октябри соли 2024 аз соати 1000 то 1200  барои довталабони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҷойи баргузорӣ - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд;

         -рўзи 7 ноябри соли 2024 аз соати 0900 то 1200  ташкили машварат барои навиштани нақшаи таҳқиқотӣ ва пешниҳоди ҳуҷатҳои дохилшавӣ барои довталабони мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, ҷойи баргузорӣ -  Агентии хизмати давлатӣ.

         Довталабони хоҳишманд ҳуқуқ доранд ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои таҳсил омода намуда, тавассути мақомоти (ташилотҳои) давлатии ҷойи             кор аз 14 октябри соли 2024 то 13 декабри соли 2024 ба дафтари Лоиҳаи JDS дар Тоҷикистон, воқеъ дар бинои Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод намоянд. Довталабон метавонанд барои дастрас намудани  маълумоти бештар ва дастрас намудани ҳуҷатҳои зарурӣ аз сомонаи https://jds-scholarship.org/country/tajikistan/index.html истифода намоянд.

         Довталабон ва иштирокчиёни чорабиниҳои таблиғотӣ бояд ба талаботҳои зерин мувофиқат намоянд:

         -синни аз 22 то 40-сола (ба ҳолати 31 июли соли 2025);

         -донистани забонҳои англисӣ ва русӣ;

         -на камтар аз 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (корӣ) дар мақомоти (ташкилотҳои) давлатии шомили Лоиҳаи JDS, ки номзадро барои таҳсил пешниҳод менамояд (ба ҳолати то 31 июли соли 2025).

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон