User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

   Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва дорои салоҳияти баланди корӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бўҳрониро дар тамоми соҳаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҳаллу фасл намояд.

Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳои барномавӣ ба омода намудани кадрҳои баландихтисос ва такмили пайвастаи донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатї таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Мувофиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ таҳсили хизматчиёни давлатӣ имтиёзи давлатӣ буда, бояд хизматчии давлатӣ дар се соли фаъолият  як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад.

Дар робита ба ин, санаи 26 майи соли 2025 курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рўи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» оғоз гардида, дар рафти он директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷўрахон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Курси мазкур аз 26 то 28 майи соли ҷорӣ идома ёфта, дар он мавзуъҳо вобаста ба самтҳои фаъолияти бевоситаи роҳбарони аввали мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ карда шуда, тибқи барнома ҷиҳати таълим устодону омўзгорони ботаҷриба ҷалб карда мешаванд.

Дар фарҷоми курси такмили ихтисос ба шунавандагон «Гувоҳнома» тақдим карда мешавад.