Бо мақсади омўзиш ва табодули таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои рушди минбаъдаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин дар Форуми «GovHR forum: Низомҳои нав, хизматрасониҳои муосир, роҳҳали нав», ки санаи 20 июни соли 2025 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Форуми мазкур бо иштироки роҳбарони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони самти идоракунии захираҳои инсонӣ ва технологияҳои давлатӣ (GovTech) аз кишварҳои Амрико, Аврупо ва Осиё баргузор гардида, дар он масъалаҳои идоракунии захираҳои инсонӣ дар бахши давлатӣ, ҳамгироии зеҳнӣ, таҳлили маълумот ва таҷрибаи идоракунии захираҳои инсонӣ дар амалияи байналмилалӣ, инчунин таҳкими қобилиятҳои касбии хизматчиёни давлатӣ муҳокима карда шуданд.
Директори Агентӣ доир ба дастовардҳои назаррас дар рушди хизмати давлатӣ, татбиқи рақамикунонии соҳаи хизмати давлатӣ ва натиҷаҳои чашмдошт дар давоми 5 соли оянда маълумоти мушаххас доданд.
Ҳамчунин мавсуф қайд намуданд, ки дар ояндаи наздик дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори хизмати давлатии қумҳуриҳои дўсту бародар, ташкилотҳои хориҷӣ дар самти хизмати давлатӣ ҳамкорӣ намуда, ба рақамикунонии пурраи соҳа ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар ин низоми калидии кишвар ноил хоҳем шуд.