Санаи 4 сентябри соли 2025 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин семинари омӯзишӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ сардори шуъбаи Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нодиршоев Салим ва сармутахассиси шуъбаи Агентӣ дар вилояти Суғд Ҷаҳонзода Рухшонахон иштирок намуданд.
Семинари омӯзишӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Мардуми Чин ва Донишгоҳи байналмилалии бонк ва иқтисодиёти он ташкил карда шудааст. Бояд қайд кард, омӯзиши иқтисодиёт ва таҷрибаи рушди кишварҳои пешрафта ғояҳо ва механизмҳои навро барои рушди иқтисоди миллӣ фароҳам меорад. Семинари мазкур барои такмили ихтисос, донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ, таҳрезии сиёсати давлатии иқтисодӣ, махсусан дар самти таҳияи стратегияҳо, санадҳои ҳамкорӣ, дурнамосозӣ, ҷалб ва ҳамоҳангсозии кӯмакҳои техникӣ ва сармоягузорӣ, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.