PRESIDENT
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 2689
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» имзо гузоштанд.
Read more: ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲОРО БА ИМЗО РАСОНИДАНД
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 2171
Тавре қаблан хабар додем, имрӯз ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай расо 20 сол пур шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз, 15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баёния дар бораи таъсиси СҲШ имзо карда шуд.
Имсол СҲШ 20-сола шуд. Дар ин соли ҷашнӣ раёсатро дар ин Созмони бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. 16-17 сентябр дар Душанбе саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 1463
Нимаи дуюми рӯзи 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2021, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣқарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.
ИШТИРОКИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ «ШОМИ ДӮСТӢ» ДАР КОХИ БОРБАД
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 1175
10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 2095
Дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ-бинои Мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустии «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон» бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи Ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣқарор доданд.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 1277
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Зимни музокироти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хоса дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин самтҳои минбаъдаи корҳои дарпешистода ҷиҳати таъмиқ ва васеъ намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон муайян карда шудаанд.
Read more: МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 1368
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом-Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд.
- Details
- Category: НОВОСТИ О ПРЕЗИДЕНТЕ
- Hits: 1563
7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Ҳадафи мулоқот шиносоӣ бо вазъи корҳо дар ноҳияҳои минтақа, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.