Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1869,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1869,60 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси бахши иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1869,60 сомонӣ.
  4. Мутахассиси бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа – маоши мансабӣ - 1278 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, мансабӣ 1544,80 сомонӣ.
  6. Сармутахассис – котиби мақомоти васоят ва парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, мансабӣ 1962,40 сомонӣ.
  7. Сармутахассис (муҳандис – заминсоз)-и Ҷамоати  деҳоти ба номи  Қ.Гадодлиев - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1962,4 сомонӣ;
  8. Сармутахассис (муҳандис – заминсоз)-и  Ҷамоати  деҳоти Тусиён - 1  ҷой , маоши мансабӣ  1962,4 сомонӣ;
  9. Сармутахассис (муҳандис – заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Барвоз - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1962,4 сомонӣ;
  10. Сармутахассис (муҳандис – заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Сежд  - 1  ҷой, маоши мансабӣ - 1962,40 сомонӣ.
  11. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну мароисми Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиев – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1962,4 сомонӣ;
  12. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну мароисми Ҷамоати деҳоти Тусиён – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1962,4 сомонӣ;
  13. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну мароисми Ҷамоати деҳоти Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1962,4 сомонӣ.
  14. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну мароисми Ҷамоати деҳоти Сежд – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2592 сомонӣ.
  15. Сармутахассис (сармуҳосиб) – и Ҷамоати деҳоти Қ.Гадолиев – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1962,4 сомонӣ.
  16. Сармутахассис (сармуҳосиб) – и Ҷамоати деҳоти Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1962,4 сомонӣ.
  17. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1544,80 сомонӣ.
  18. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Барвоз – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1544,80 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Бароии ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Деҳаи Медон, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои датсгоҳи раиси ноҳияи Роштқалъа, почтаи  электронӣ Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ,

Телефон барои тамос: 501-16-01-20.   

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.