Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

   Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

   Имрӯз курси азнавтайёркунӣ барои хизматчиёни давлатии сохторҳои мақомоти иҷроияи мауаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки солҳои 2023-2024 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, аз руйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби 100 нафар, ки 7 апрели соли 2025 оғоз гардида буд, ҷамъбаст карда шуд. Дар ҷамъбасти курси мазкур бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, ноиби якуми Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Одиназода Фирдавс Ҷалил ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Сайдаҳмадзода Дилором мизи мудаввар ташкил карда шуда, ба шунавандагон ҷиҳати боз ҳам такмил додани донишҳои касбӣ ва дар фаъолияти минбаъда истифодаи донишҳои андӯхта дар давоми курси мазкур тавсияҳо дода шуд.

     Дар ҷамъбасти курси мазкур ба шунавандагон «Гувоҳнома» тақдим карда шуд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

   Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.  Ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

        

Рейтинг:  1 / 5

Звезда активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
Омода намудани кадрҳои баландихтисос ва такмили пайвастаи донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ буда, дар ин самт мунтазам бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ тадбирҳои зурурӣ андешида мешавад.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Дар ҳамоиши идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ директори Агентии хизмати давлатӣ Идрисзода Илёс Мумин бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз кормандони Агентӣ ва хизматчиёни давлатиро табрику  муборакбод гуфта, ба онҳо тани сиҳат, саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, илҳому нерўи тоза ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои беназирро орзу намуданд.

Зимни суханронӣ қайд намуданд, ки   мо ифтихор аз он мекунем, ки аз баракати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузурги аҷдодиамон–Наврӯз бо тамоми расму суннатҳои дерини худ эҳё шуда,  дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ зимни ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ ба такмили донишҳои хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Таҳсили хизматчиёни давлатӣ мувофиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ сурат мегирад.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.

Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна

Агентии хизмати давлатӣ санаи 08 феврали соли 2025 дар доираи татбиқи «Барномаи миллии «Кишвари сабз» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», ки  тибқи он дар канори роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 5 миллион бех ниҳол, аз ҷумла сафедор ва дигар дарахтони ороишии сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шаванд, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор намуд.

Тибқи барномаи мазкур ва нақшаи муайянгардида дар хиёбони Айни 255 шаҳри Душанбе бо ҷалби 31 нафар кормандон ва ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ, 120 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкани арча шинонида, гирду атрофашон тоза, нарм, тахту ҳамвор ва обёрӣ карда шуданд.

Рейтинг:  5 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда активна

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2024, №26/10-477 санаи 28 январи соли 2025 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли  2024 баргузор гардид.

Дар робита ба ин қаблан дар дар сомонаи Агентӣ бо суроғаи www.ahd.tj аз 20 январи соли 2025 дар хусуси баргузории нишасти матбуотӣ эълон ва маводи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ҷой дода шуда, нақшаи чорабиниҳои Агентӣ вобаста ба ташкил ва баргузории нишасти матбуотӣ тасдиқ карда шуд.