Новости Агентства
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Просмотров: 4092
Санаи 8 октябри соли 2021 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум, инчунин вазъи коргузорӣ ва таъмини иҷрои маводҳои назоратӣ дар Агентии хизмати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., ва аз рӯйи
Подробнее: ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ АЗ 08.10.2021
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Просмотров: 46862
Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ санаи 8 октябри соли 2021 мулоқоти директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. бо роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ доктор Георг Майер баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот қайд гардид, ки Агентии хизмати давлатӣ бо Бунёди мазкур ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, аз соли 2009 дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил намудааст.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Просмотров: 2620
Бо мақсади татбиқи самарабахши Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) рӯзи 6 октябри соли 2021 дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ Давлатов Ҷ.М. бо директори минтақавии дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумхурии Тоҷикистон ҷаноби Миякава Такаши баргузор гардид.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Просмотров: 306
Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ 27 сентябри соли 2021 барои роҳбарони дастгоҳи раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои соли 2021 аз рӯйи барномаи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» курси такмили ихтисос оғоз гардид.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Просмотров: 47722
Дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои соли 2021 бо ҳамкории Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ 20 сентябри соли 2021 курси такмили ихтисос аз рӯйи Барномаи «Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки 70 нафар хизматчиёни давлатӣ оғоз гардид.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Просмотров: 2225
Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо мақсади татбиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» рӯзҳои 23-25 сентябри соли 2021 дар шаҳри Панҷакент барои 28 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Рӯшон аз рӯйи Барномаи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иљтимоӣ ва иқтисодии маҳал» курси сайёри таҷрибаомӯзӣ роҳандозӣ гардид.
Подробнее: КУРСИ САЙЁР БАРОИ МАСЪУЛИНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Просмотров: 1207
Дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо мақсади татбиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» рӯзҳои 23-28 сентябри соли 2021 дар шаҳри Панҷакент барои 28 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Рӯшон аз рӯйи Барномаи «Нақши ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар рушди иљтимоӣ ва иқтисодии маҳал» курси сайёри таҷрибаомӯзӣроҳандозӣ гардид.
Подробнее: КУРСИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ САЙЁР БАРОИ МАСЪУЛИНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Просмотров: 1609
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг курси сайёри таҷрибаомӯзиро дар мавзӯи «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат» дар ноҳияи Ховалинг аз 20 то 22 сентябри соли 2021 ташкил намуда, ба он раисони ҷамоатњои шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои Мурғоб, Ҷаббор Расулов, Ховалинг, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, шаҳрҳои Турсунзода, Ваҳдат ва Ҳисор ҷалб карда шуданд.