Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо-вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои Созмон ва масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣқарор дода шуд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

13 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

30 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси намояндагони (Вулуси Ҷиргаи) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот раванди ҳамкории байни кишварҳо, ба хусус робитаҳои парлумонӣ, рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, мудофиа, амният, иқтисод, тиҷорат, илму маориф, васоити ахбори омма ва тандурустӣ, ҳамчунин вазъи имрӯзаи Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

26.06.2021, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳимму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломатӣ, рӯзгори пурсаодат ва комёбиву иқболи нек орзу менамоям.

Бисту чор сол мешавад, ки мо – сокинони Тоҷикистони биҳиштосо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз ба таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай расо 20 сол пур шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз, 15 июни соли 2001 дар мулоқоти сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баёния дар бораи таъсиси СҲШ имзо карда шуд.

Имсол СҲШ 20-сола шуд. Дар ин соли ҷашнӣ раёсатро дар ин Созмони бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад. 16-17 сентябр дар Душанбе саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо-иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини самаранокии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои мубрами фаъолияти ҳарбӣ-сиёсии Созмон, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва амният, мавриди баррасӣқарор дода шуд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

28 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

29 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» имзо гузоштанд.

Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Нимаи дуюми рӯзи 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2021, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣқарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.