User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи риаиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.   
  5. Сармутахассис, муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  7. Сармутахассис, муҳандис-заминсозӣ Ҷамоати деҳоти Яхтан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Яхтан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  9. Сармутахассис, муҳандис-заминсозӣ Ҷамоати деҳоти Ғазантарак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
  10. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Муҷун – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
  11. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Ваҳдат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  13. Мутахассиси андоз ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Ваҳдат – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Ваҳдат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбар, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  16. Сармутахассис, муҳандис-заминсозӣ Ҷамоати деҳоти Росровут – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
  17. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Росровут – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  18. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Росровут – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.                                                             
  1. Мутахасисси пешбар, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Росровут – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.
  2. Сармутахассис, муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Далёни Боло – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
  3. Сармутахассис, сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Далёни Боло – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1630 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Далёни Боло – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1485 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири шуъбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Бароии ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Бароии ишғоли мансаби мутахассис:

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот бо шакли замимаи 1 Низомнома;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- 2 дона акси андозаи 4х6 ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надоранд;

- нусхаи шиноснома;

-эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ ва дар бораи супоридани эъломия;

- маълумот оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ муқарраргардида;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)

- маълумотнома (справка-объективка).

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);

Довталаб метавонанд дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намояд (банди 28 Низомнома)

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Ноҳияи Деваштич, шаҳраки Ғончӣ, кўчаи Исмоили Сомонӣ 20, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия,

Телефон барои тамос: 2-50-67,  2-42-16, 901-05-50-86

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Деваштич муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.