User Rating: 5 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Active
 

30 майи соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи барномаи «Зан-сарвар»

курси ғайринақшавии такмили ихтисос барои мудирон, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ифтитоҳ гардид.

Зимни ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Аҳмадзода Дилноза Даврон - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигора Ғаффорзода- муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғанизода Ибодат Ғанӣ - директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия иштирок намуданд.

Ректори Академия курси мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону бонувон хеле зиёд аст. Боиси хушнудист, ки сол то сол сафи занони роҳбар дар идоракунии давлат ва зерсохторҳои он марҳила ба марҳила меафзояд. Имрӯзҳо фаъолияти занони ботаҷрибаю кордон дар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ хеле назаррас аст. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки занони тоҷик ба комёбиҳои зиёде ноил гардида, аз минбарҳои бузурги байналмилалӣ бо дарки баланди масъулиятнокӣ суханронӣ мекунанд ва баҳри густариши ҳарчи бештари Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳиссагузоранд. Имрӯз занону бонувони соҳибкасбу соҳибилм сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо ифтихор баҳри ояндаи дурахшони Тоҷикистон талош меварзанд. Дар идомаи суханронии ректори Академия, Дилноза Аҳмадзода - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ иброз дошт, ки саҳми занон дар хизмати давлатӣ низ назаррас буда, ҳарчӣ бештар ҷалб намудани онҳо дар шароити имрӯза бениҳоят муҳим мебошад. Ҳамзамон қайд гардид, ки таъмини баробарии гендерӣ аз оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз масъалаҳои муҳими идоракунӣ дар меҳвари сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтаронро дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми онҳо дар паёмҳои ҳарсола ва дигар суханрониҳои барномавии худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Вобаста ба ин бо мақсади таъмини баробарии гендерӣ пайваста қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, марҳила ба марҳила стратегияҳо, консепсия ва барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Ба ҳолати 1 январи соли 2021 аз 18701 нафар хизматчиёни давлатӣ 4518 нафар ё 24,1 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки теъдоди занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 -33 нафар ва дар мансабҳои роҳбарикунанда 15 нафар зиёд гардидааст, -зикр намуд Дилноза Аҳмадзода.

Дар ҷараёни курси такмили ихтисос дар назар аст, ки ба шунавандагон оид ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши занон дар хизмати давлатӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, кафолату имтиёзҳои занон дар муносибатҳои меҳнатӣ, нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷомеа: дар асоси сарчашма ва ривоятҳои таърихӣ, нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ, стереотипҳои гендерӣ дар ҷомеаи муосир, нақши занон дар таҳкими сулҳофарӣ ва амният, сарварӣ ва идоракунии равандҳои сиёсӣ дар ҷомеаи муосир ва амсоли ин устодон дарс хоҳанд гуфт.

Дар фарҷоми курс барои шунавандагон доир намудани чорабинии фарҳангӣ ва баргузории мизи мудаввар дар мавзуи «Баланд бардоштани неруи занон дар хизмати давлатӣ» ба нақша гирифта шудааст.

                                                                                             Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон