Аз санаи 8 то 10 августи соли 2022 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ курси сайёри такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» барои хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ баргузор карда шуд.
Барои шунавандагони курси мазкур барномаи махсуси таълимӣ омода карда шуда, тибқи он мавзуъҳои мубрам вобаста ба омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, хизматрасониҳои электронӣ, фаъолияти хизматчиёни давлатӣ дар шароити татбиқи ҳукумати электронӣ, арзишҳои миллӣ ва нақши онҳо дар ташаккули худшиносии миллӣ, сиёсати давлатӣ оид ба иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ, фарҳанги истифодаи интернет ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии хизмати давлатӣ ва устодони Академияи идоракунии давлатӣ дар шакли лексия- мубоҳисаҳо гузаронида шуданд.
Инчунин дар курси мазкур аз рӯи барномаи таълимӣ дар мавзуи «Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ» Аҳмадзода Дилноза- муовини директори Агентӣ лексия-суҳбат баргузор намуд.
Дар ҷамъбасти курси сайёри такмили ихтисос Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуалимзода Исмоил Иброҳим- ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Қодиров Зоҳир- муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия ва Имомназар Хуҷаназар Лутфулло- мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи раиси ВМКБ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом ба шунавандагони курси сайёр гувоҳномаҳои хатм супорида шуд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон