User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 19 августи соли ҷорӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати далатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни давлатӣ,

ки тавассути барномаи бурсиявии KOICA моҳи августи соли ҷорӣ барои таҳсил ба Ҷумҳурии Корея фиристода мешаванд, ташкил гардид.

Иқдоми мазкур дар заминаи муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Корея, ки аз санаи 27 апрели соли 1992 ба роҳ монда шудааст, сурат гирифта, дар доираи ҳамкориҳои сохторҳои давлатии дахлдор бо Агентии Ҳамкориҳои Байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Корея бурсияҳо ҷудо карда шудааст.

Дар робита ба ин, тибқи озмуни эълоннамудаи Агентии Ҳамкориҳои Байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили хизматчиёни давлатӣ барои дарёфти бурсияҳо барои таҳсили дусола дар Корея 6 нафар хизматчиёни давлатӣ аз вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист муваффақ гардида, моҳи августи соли ҷорӣ барои таҳсили дусола ба Корея  фиристода мешаванд.

Зимни мулоқоти муовини директори Агентӣ- Дилноза Аҳмадзода таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кадрсозӣ ба ҳисоб рафта, давлат ва Ҳукумати кишвар ба такмили донишҳои хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамасола барои бо таҳсили дарозмуҳлат ва кӯтоҳмуҳлат фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ чораандешӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, талаботҳои таҳсил дар хориҷи кишвар, иҷрои ҳуқуқу уҳдадориҳои шартномаи сеҷонибаи баимзорасонида, қоидаҳои ташрифот ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ бори дигар тавзеҳ дода шуда, ба магистрантон-хизматчиёни давлатии тозаинтихоб барои сафар ва хатми муваффақонаи ин зинаи тањсилоти  илмӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Корея бурдбориҳо таманно карда шуд.

 

 

                                                                                                 Агентии хизмати давлатии назди

                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон