User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-   9 сентябр Агентии хизмати давлатӣ санаи 31 августи соли 2018 машғулияти идоравиро дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ-арзиши муқаддаси миллӣ» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва шунавандагони магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатӣ доир намуд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Бибиосия Аюбӣ зимни ифтитоҳи машғулият қайд намуд, ки хизмати давлатии муосири Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият буда, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ, омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон дастоварди асосии мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд.

Сипас Сайфулло Сафаров-муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акбар Абдулло – шоир, намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Рудобаи Мукаррам-муовини озоди раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи дастовардҳои Тоҷикистон дар 27 соли соҳибистиқлолӣ, моҳияти давлатдории миллӣ, нақши шаҳрвандон дар ҳифз ва гиромидошти Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ маърӯзаҳои ҷолиби диққатро пешниҳод намуданд.