Барои хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ санаи 22 июни соли равон машғулияти идоравии навбатӣ ташкил карда шуд.
Машғулияти идоравиро муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О. ифтитоҳ бахшида, сипас сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастггоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Содиқов А.М. оид ба «Шарҳи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 ва дигар санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон», сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Агентии хизмати давлатӣ Шарипова М.Ғ дар мавзӯи «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.
Зимни машғулият қайд гардид, ки дар баробари эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат ва шахсони мансабдори давлатӣ, инчунин эҳтиром ва риояи ҳатмии қонунҳо аз тарафи шаҳрвандони мамлакат, масъулияти онҳо дар назди давлат ва ҷамъият яке аз нишонаҳои муҳим ва тақозои ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ мебошад.
Ҳар як хизматчии давлатӣ уҳдадор аст, ки дар густариши маърифат ва ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳмгузор бошад, зеро бо ҳамин васила мо дастовардҳои даврони истиқлолиятро ҳифз карда, комёбиҳои худро дар роҳи таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд минбаъд низ тақвият бахшида метавонем.
Дар охир иштирокчиёни машғулияти идоравӣ ба саволҳои худ вобаста ба татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» ва дигар санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» посухҳои мушаххас гирифтанд.