Бо мақсади рӯнамои Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) барои интихоб ва сафарбарии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Япония дар соли 2023
санаи 15 декабри соли 2022 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дилноза Аҳмадзода, роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон -Томиника Юка, мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон–Шифо Шарифзода, роҳбарият ва масъулини хадамотҳои кадрии вазорату идораҳои ҳамкор бо лоиҳаи мазкур ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи кориро Дилноза Аҳмадзода - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ва Қарордоди байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония аз соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, 106 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония сафарбар гардида, то ба имрӯз 75 нафари онҳо зинаҳои магистратура ва докторантураро дар донишгоҳҳои Япония хатм намуда, ҳоло таҳсили 32 нафар идома дорад.
Инчунин дар рафти ҷаласаи корӣ аз ҷониби Шифо Шарифзода – мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо оид ба ҳадаф, мақсад, имкониятҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, интихоб, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо тибқи муқаррароти Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) муаррифӣ гардид.
Ҳамзамон миёни иштирокчиён ҷиҳати ҳадафманд татбиқ ва амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур саволу ҷавоб доир гардид.
Чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотии татбиқ ва амалигардонии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) идома дода мешаванд.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон