Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардид: «Такмили низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат самти муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад».
Дар партави дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат бо мақсади тақвият додани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ ва ба ин васила баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳамасола курсҳои махсуси такмили ихтисос барои ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла ҷиҳати таҳким бахшидани донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаи идоракунии ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 17 марти соли равон 60 нафар муовинони роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Дар ҷараёни курси зикршуда машғулиятҳо вобаста ба масъалаҳои мубрами идоракунӣ, аз ҷумла «Идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сиёсати кадрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», «Сарварӣ дар низоми идоракунии давлатӣ» баргузор гардиданд.
Санаи 17 марти соли равон бо иштироки роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар ҷамъбасти курси мазкур мизи мудаввар доир гардида, ба шунавандагони курси такмили ихтисос гувоҳномаҳои хатми таҳсил супорида шуданд.