User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 15 декабри соли 2022 дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи васеи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

баргузор гардида, дар он вазъи иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар давраи солҳои 2020-2022 ва ҳолати таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мавриди баррасӣ карор дода шуданд.

Дар ҷаласаи васеи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ аъзои ҳайати мушовара, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Ибодат Ғанӣ, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Орифзода Муҳаммад Қурбоналӣ, сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ҷаъфар Манон, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Гурез Ҷурахон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва роҳбарият (масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот), роҳбарони дастгоҳ ва масъулони хадамоти кадрии дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин баъзе раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз рӯйи масъалаи якум муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г. Ҷ. маърӯза намуд.

Зимни баромад қайд намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 155 ҷамоат (21 ҷамоати шаҳрак ва 134 ҷамоати деҳот) мавҷуд буда, аз ин шумора 95 ҷамоат (13 ҷамоати шаҳрак ва 82 ҷамоати деҳот) санҷида шуд.

Таҳлил нишон дод, ки дар 95 ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти санҷидашуда 990 воҳиди корӣ мавҷуд буда, дар онҳо 704 нафар (71,1 фоиз) фаъолият дошта, 286 ҷой (28,9 фоиз, ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 12,4 фоиз) холӣ мебошанд, ки нисбати ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 16,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дар мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти мазкур аз 704 нафар хизматчиёни давлатии амалан фаъолиятдошта 106 нафар ё 15,1 (ҳолати миёнаи ҷумҳуриявӣ 24,4) фоизро занон ташкил медиҳанд.

Хизматчиёни давлатӣ бо таҳсилоти олӣ 648 нафар (92 фоиз) ва миёнаи махсус 56 нафар (8 фоиз) буда, бо ихтисосҳои молиявию иқтисодӣ 188 нафар (26,7 фоиз), кишоварзӣ 63 нафар (8,9 фоиз), омӯзгорӣ 178 нафар (25,3 фоиз), ҳуқуқшиносӣ 57 нафар (8,1 фоиз) ва дигар ихтисосҳо 218 нафар (31 фоиз) фаъолият доранд.

Инчунин, масъалаҳои рафти амалишавии Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо дар ҷамоатҳои мазкур таҳлил карда шуданд.

Аз рӯйи масъалаи «Ҳолати таҳия ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон» сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ Рауфзода Муҳаммадюсуф гузориш дод.

Дар ҷамъбасти ҷаласа сардори раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Ҷаъфар Манон, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Ибодат Ғанӣ, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Орифзода Муҳаммад Қурбоналӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои кории холӣ, ҷалби ҷавонону бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.

 

                                                                                          Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон