User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

12 июли соли равон дар Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, инчунин лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. маърӯза кард.
Аз ҷумла қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2018 ба Агентии хизмати давлатӣ 2629 (соли 2017-2964) мавод ва 84 (соли 2017-71) муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид ва 1089 (2017-971) мавод содир шудааст.

Муҳтавои асосии маводи ба Агентии хизмати давлатӣ воридгардидаро масъалаҳои ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, ҷойивазкунии кадрҳо, ташкили захираи кадрҳо, татбиқи кафолатҳои иҷтимоӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ ташкил дода, муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ва хизматчиёни давлатӣ ба масъалаҳои амали шахсони мансабдор, фаъолият намудан дар мансабҳои хизмати давлатӣ баъд аз барҳам хӯрдани доғи судӣ, ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ, таъмин намудан бо ҷои кор, иштирок дар озмунҳо барои ишғоли ҷойҳои холӣ, дастрас намудани маводи методӣ марбут мебошанд.
Мувофиқи таҳлилҳои оморӣ шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ то 1 апрели соли 2018 19252 нафар, теъдоди занҳо 4456 нафар ё 23,1 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35-сола 8946 нафар ё 46,4 фоизро ташкил медиҳад. Синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 37,7 мебошад.
Аз 5782 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1100 нафар ё 19,0 фоизро занони роҳбар, шумораи ҷавонони роҳбар 1464 нафар ё 25,3 фоизро ташкил дода, теъдоди ҷавонон дар хизмати давлатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 395 нафар ва шумораи ҷавонони роҳбар 118 нафар афзудааст.
Дар нимсолаи якуми соли равон 217 (соли 2017-228) ҷаласаи комиссияҳои озмунии мақомоти давлатӣ баргузор гардида, барои ишғоли 2239 (соли 2017-2112) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 2081 (соли 2017-1934) мансаби холӣ бо иштироки 3528 нафар, аз он зан-691 (соли 2017-3706, зан- 653) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 1347 нафар, аз он зан-320 (соли 2017-1383, зан-305) нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.
Сипас сардорони шуъбаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат, идоракунии захираҳои инсонӣ, ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва мудири бахши махзани маълумот ва тестии Агентӣ ба музокира баромада, вобаста ба мушкилоти соҳа ва эродҳое, ки дар гузориш қайд шуданд, маълумот доданд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои соҳа ба сифати баргузории озмун ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, риояи талаботи тахассусӣ, теъдоди занон дар мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Б.О. лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018-ро муаррифӣ намуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори ҳайати мушовара қабул карда шуданд.