User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 4 январи соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида,

дар кори он аъзои ҳайати мушовара, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, ноиби якуми ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷумахон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 ва Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2023 баррасӣ гардиданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро оғоз намуда, аз рӯйи масъалаи якум муовини якуми директори Агентӣ Қосимзода Г.Ҷ. гузориш доданд.

Зимни маърӯза қайд гардид, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21757 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18549 нафар (85,2 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3208 адад (14,7 фоиз) мебошад.       

Дар мақомоти марказӣ 11870 нафар (занон 2858 нафар ё 24,0 фоиз), мақомоти маҳаллӣ 3563 нафар (занон 1039 нафар ё 29,1 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3116 нафар (занон 606 нафар ё 19,4 фоиз) фаъолият доранд.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4503 нафар ё 24,2 фоизро ташкил дода, аз 5843 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1115 нафар ё 19,0 фоиз занони роҳбар мебошанд. 

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 9160 нафар (49,3 фоиз)-ро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда  теъдоди  ҷавонони то 35-сола  1631 нафар (27,9 фоиз) ташкил медиҳад.

Шумораи хизматчиёни давлатие, ки дар соли 2022 ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ расидаанд, 284 (зан-66) нафарро ташкил медиҳанд.

Аз ин шумора ба мақомоти иҷроияи марказӣ 135 (занон-38) нафар ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 149 (занон-28), аз ҷумла ба ВМКБ 15 (зан-3) нафар, вилоятҳои Суғд 45 (зан-12) нафар, Хатлон 61 (зан-7) нафар, шаҳри Душанбе 2 (зан-1) нафар ва шаҳру ноҳияњои тобеи ҷумҳурӣ 26 (зан-5) нафар рост меояд.

Аз онҳо 238 (зан-59) нафар аз мансабҳои ишғолнамуда озод гардида, 44  (зан-7) нафар бе тамдиди муҳлат то ҳол фаъолият доранд. Аз ин теъдод дар мақомоти иҷроияи марказӣ 26 (зан-4) нафар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 18 (зан-3) нафар, аз ҷумла дар ВМКБ 2 (зан-1) нафар, вилоятҳои Суғд 4 нафар, Хатлон 10 (зан-2) нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 нафар кор мекунанд.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 428 ҷамоат (60 љамоати шаҳрак ва 368 ҷамоати деҳот) мавҷуд буда, аз ин шумора дар 328 ҷамоатҳо (49 ҷамоати шаҳрак ва 279 ҷамоати деҳот) дар соли 2022 санҷиш гузаронида шуд.

Таҳлил нишон дод, ки дар 328 ҷамоатњои шаҳрак ва деҳоти санҷидашуда 3136 воҳиди корӣ мављуд буда, дар онҳо 2263 нафар (72,2 фоиз) хизматчиёни давлатӣ фаъолият дошта, 873 ҷойҳо (27,8 фоиз) холӣ мебошад.             

Зимни маърӯза ҳамчунин вобаста ба татбиқи технологияи кадрӣ дар соли 2022, аз ҷумла баргузории озмунҳо дар мақомоти давлатӣ, баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ, аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ дар мақомоти давлатӣ, татбиқи Ќоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунанда, ташкили захираи кадрҳо, таҳсили хизматчиёни давлатӣ маълумот дода шуда, қайд гардид, ки  давоми соли сипаригардида барои ишғоли 5678  мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 3641 мансаби холӣ бо иштироки 8876 нафар, аз он зан-1428  нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 3531 нафар, аз он зан-876  нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.

Ба 2037 мансаби дигар ҳуҷҷат супорида нашуд.  Муайян гардид, ки барои ишғоли як мансаб  асосан 1,6  довталаб рост меояд.

Аз 3531 нафари ба мансабҳо таъингардида 3014 (зан-435) нафар   ҷавонони то 35 - сола мебошанд.

Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ омада 583 (зан-234) нафар буда, аз ҳисоби ҷавонони то 35-сола 127 (зан-32) нафар ба мансабҳои роҳбарикунанда таъин карда шуданд.

Дар давоми соли 2022 кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ дар 155 (мақомоти марказӣ-62 ва  мақомоти маҳаллӣ-93) ҷаласаи комиссияҳои аттестатсионии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Мувофиқи рўйхат ва ҷадвалњои пешнињоднамудаи маќомоти давлатї аз 2832 нафар хизматчиёни давлатї, ки бояд ба аттестатсияи навбатї фаро гирифта мешуданд, 2592 нафар, аз он зан-578  нафар хизматчиёни давлатї ба аттестатсия љалб шуда, 240 нафар бо сабабњои узрнок (рухсатии мењнатї, сафари хизматї, беморї ва дигар њолатњои пешбининамудаи ќонунгузорї) дар аттестатсияњо иштирок накарданд.

Тибќи хулосањои комиссияи аттестатсионї аз 2592 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 2396 нафар, аз он зан-537 нафар ба мансаби ишѓолнамуда мувофиќ бањогузорї карда шуданд. Аз ин њайат 60 нафар, аз он зан-13 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 87 нафар, аз он зан-23 нафар барои дохил кардан ба захираи кадрњои роњбарикунандаи хизмати давлатї, 105 нафар, аз он зан-29 нафар барои пеш аз муњлат додани рутбаи тахассусии навбатї тавсия гирифтанд.

Дар як ваќт тибќи хулосањои комиссияњои аттестатсионї 196 нафар, аз он зан-41  нафар ба мансаби ишѓолнамуда номувофиќ бањогузорї карда шуданд. Аз ин њайат ба 114 (зан-21) нафар барои такмили ихтисос, ба 44 (зан-11) нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан, ба 38 (зан-9) нафар барои аз мансаб озод кардан тавсия дода шудааст.

Дар соли 2022   59 (зан-20) нафар хизматчиёни давлатї магистратураи яксоларо бо ихтисоси «Идоракунии давлатї» (бо дастгирии Бунёди Њаннс Зайдел) хатм намуда, ба магистратураи мазкур 60 (зан-15) нафар ќабул карда шуда, аз 10 январи соли 2023 тањсили онњо оѓоз мегардад.

Инчунин дар доираи њамкорињои Агентии хизмати давлатї, Академияи идоракунии давлатї ва Бунёди мазкур соли 2020 барои хизматчиёни давлатї магистратураи дусола (тањсил дар баробари фаъолияти корї) бо ихтисоси «Идоракунии давлатї» ташкил карда шуда, барои солњои тањсили 2020-2022-51 (зан-9) нафар, барои соли тањсили 2021-2023-64 (зан-13) нафар хизматчиёни давлатї ба тањсил фаро гирифта шудаанд.

Соли 2022 42 (зан-7) нафар хизматчиёни давлатии солњои тањсили 2020-2022 магистратураи мазкурро хатм намуданд. 

Дар соли 2022 дар њамкорї бо Академияи идоракунии давлатї ва маќомоти давлатї 43 курси таълимї, аз љумла-5 курси азнавтайёркунї, 2 курси таљрибаомўзӣ ва 36 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатї дар Академияи мазкур, шањрњои Бохтар, Хуљанд, Хоруѓ, Гулистон, Конибодом, Њисор, Кўлоб, Турсунзода ва ноњияи Данѓара доир карда шуд, ки дар онњо 2080 (зан-605) нафар хизматчиёни давлатї ба таълими иловагї фаро гирифта шуданд.

Аз ин теъдод 38 курс дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таљрибаомўзии  хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии даватї барои соли 2022 ва 5 курси ѓайринаќшавї баргузор карда шуд.

Сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентии хизмати давлатӣ Латипов Ф. А. дар бораи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023  маърӯза  намуд. 

Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2023 баррасӣ гардида, барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

          Дар ҷамъбасти ҷаласа мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масаълаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ суханронӣ намуд.

Инчунин директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ, интихоби дурусти довталабон њангоми тањсил дар дохил ва хориљи кишвар ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.

 

 

 

                                                                          Агентии хизмати давлатии назди

                                                                          Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон