Дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2023 санаи 9 январи соли равон
дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки солҳои 2021-2022 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Дар ифтитоҳи расмии курси мазкур муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷурахон, ноиби якум, ноиби ректор оид бa тaълими Aкaдемияи идоракунии давлатӣ Сaфaрзодa Дaврон ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ибодат Ғанизода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки дар доираи татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон ва санадҳои барномавии дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ рӯз аз рӯз тақвият меёбад. Дар робита ба ин, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мунтазам такмил додани донишҳои хизматчиёни давлатии ҷавон ҳамасола дар Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ курсҳои азнавтайёркуниро барои хизматчиёни давлатие, нав ба хизмати давлатӣ дохил шудаанд, пешбинӣ менамояд.
Курси мазкур то 28 январ идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба шарҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022), масъалаҳои муҳими соҳаи хизмати давлатӣ, аз ҷумла, асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсия, стратегия ва дурнамоҳои давлатӣ дар рушди хизмати давлатӣ, этика дар соҳаи хизмати давлатӣ, техникаи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мақомоти давлатӣ, масъалаҳои гендерӣ дар низоми идоракунӣ, пешбурди коргузорӣ, аз ҷумла коргузории электронӣ дар мақомоти давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа омӯзонида хоҳад шуд.
Дар интиҳои курси мазкур бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» мизи мудаввар пешбинї гардида, ба хатмкунандагон шаҳодатномаҳои хатм супорида мешавад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон