Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 январи соли 2023 маросими тантанавии супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратураи хизматчиёни давлатӣ дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Љумњурии Тољикистон Ѓафурзода Абдухалил Давлаталї, ноиби якуми ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон, роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, муовини якуми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон, муовини Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мартин Ленгер, устодону кормандон ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Дилноза Аҳмадзода муовини директори Агентии хизмати давлатӣ изҳор дошт, ки аз соли 2009 инҷониб бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шуда, барои ҳавасмандӣ ва таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст, ки дар он хизматчиёни давлатӣ аз тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат, қайд намудаанд: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад».
Хатми магистратураи Академияи идоракунии давлатӣ рўйдоди муҳим буда, сафи хизматчиёни давлатӣ бо мутахассисони касбӣ афзоиш меёбад.
Чи тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Дар робита ба ин, сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотњо иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандон, бо мақсади таъмини таълиму тарбия, ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи пурсамари иқтидори онҳо ба манфиати ҷамъият таҳия ва татбиқ мегардад.
Бо мусоидати Фонди Ҳаннс Зайдели Олмон давоми солҳои 2010-2022 магистратураи яксолаи Акеадемияи идоракунии давлатиро 879 (зан-251) нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд, ки 423 (зан-113) нафарро хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва 456 (зан-138) нафарро хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил дода, 58 (зан-17) нафари онҳо кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд.
Аз теъдоди 879 нафар 402 (зан-111) нафар ё 45,7 фоизи хатмкардагони магистратура ба болоравии мансабӣ ноил гардидаанд.
Айни замон дар магистратураи мазкур боз таҳсили 60 (зан-18) нафар хизматчиёни давлатӣ оғоз гардид.
Дар маросими дипломсупорӣ хатмкунандагони магистратураи хизматчиёни давлатӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд: «Мо, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созанда нишон диҳем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунем ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ба халқу Ватан хизмат намоем».
Дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ва меҳмонон ба 59 нафар хатмкунандагон дипломҳо супорида шуд.
Баъдан аз ҷониби кормандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷом, ректори Академияи идоракунии давлатӣ Ғафурзода А.Д. суханронӣ намуда, бори дигар хатмкунандагонро табрик намуда, таъкид намуд, ки фаъолияти минбаъдаро барои пешрафти Ватани азизамон равона созанд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон