User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 23 январи соли ҷорӣ дар толори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаҳои Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.

Ҷаласаи кориро муовини директори Агентии хизмати давлатӣ- Дилноза Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, фаъолияти шуъбаҳои ташкилию иттилоотӣ, ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро дар соли 2022 таҳлил намуда, натиҷаҳои фаъолиятро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Зимни ҷаласаи корӣ бо ҳисоботҳои таҳлилӣ ва пешниҳодҳо ҷиҳати тақвияти фаъолияти шуъбаҳо дар соли 2023 сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- Саидзода Шаҳбоз, сардори шуъбаи ташкилию иттилоотӣ- Латипов Фирдавс, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ- Рауфзода Муҳаммадюсуф маърўза намуданд

Аз натиҷагирии фаъолият ба масъулин дастуру супоришҳо ҷиҳати таъмини иҷрои босифати Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 зикр гардиданд, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои «Стратегияи сиёсати давлатии кадрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030», лоиҳаи «Тартиби пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ зимни таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар», таъмини иҷрои самараноки бандҳои Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2023, мониторинги фаъолияти хизматчиёни давлатӣ хатмкардагони магистратура ва докторантураи донишгоњњои Япония (лоиҳаи JDS) ва мониторинги хатмкардагони магистратура дар доираи ҳамкории Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи ба ҷои корӣ барқарор ва таъмин намудани хизматчиёни давлатӣ, ҷамъбасти масъалаи таъминоти кӯмакпулии яквақтаинаи хизматчиёни давлатӣ, назорати амалигардонии омӯзишии идоравӣ дар сатҳи маќомоти давлатї, татбиқи дурусти технологияҳои кадрӣ дар ниҳодҳои идоракунии давлатии шаҳри Душанбе ва ШНТҶ, тақвияти фаъолияти сомонаи Агентӣ дода шуда, дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

                                                                                                               Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон