Дар маросими тантанавии хатми таҳсил, ки дар шаҳри Сувони Ҷумҳурии Корея санаи 29 декабри соли 2023 баргузор гардид, хизматчии давлатӣ, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абубакр Ҳамдамов таҳсилро аз рӯи ихтисосҳои сатҳи байналмилалӣ - мудирияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Донишгоҳи Аҷуи шаҳри Сувони Ҷумҳурии Корея бомуваффақият хатм намуд ва бо дипломи хатм сарфароз гардид.
Таҳсили хизматчии давлатӣ дар Ҷумҳурии Корея тибқи бурсияҳо дар заминаи ҳамкориҳои судманд ва санадҳои байналмилалии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея роҳандозӣ гардида, татбиқ ва амалигардонии лоиҳаҳо дар доираи ҳамкории Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари KOICA ба роҳ монда шуда, ҳамасола хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба Корея фиристода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки таҳсили хизматчии давлатӣ - Абубакр Ҳамдамов тӯли 17 моҳ (аз 13 августи соли 2022 то 29 декабри соли 2023) давом ёфта, он аз фанҳои хусусияти роҳбарикунанда иборат буд.
Мудирияти ҷомеаи шаҳрвандӣ шахсони алоҳида ва созмонҳоро дар иттиҳод ё ҷомеа дар бар мегирад, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ нақши роҳбариро ба ӯҳда мегиранд. Мудирияти ҷомеаи шаҳрвандӣ барои сафарбар кардани захираҳои инсонӣ, эҷоди шарикӣ ва тавонмандсозии дигарон барои ба вуҷуд овардани шароити мусбӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст. Дар маҷмӯъ, мудирияти ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими ҷомеаи фарогир, одилона ва мушорикат муҳим мебошад.
Барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди идеалии ҷомеа ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути идоракунии давлатӣ аз ҷониби ҷавонон, рушди шуурнокии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавонон, нумӯи ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон дар асоси нишондодҳои шинохти муосир ва ҷаҳонӣ тақозо карда мешавад.
Дар робита ба ин ҳайати Агентии хизмати давлатӣ ҳамкори донишманду масъулиятшинос, серталошу содиқ ба фаъолияти касбӣ Абубакр Ҳамдамов - ро бо хатми муваффақонаи таҳсил дар хориҷи кишвар самимона таҳният гуфта, барои татбиќи донишњои муосири худ дар таҷриба барори кор орзу мекунанд.