Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои хатми зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз рӯи ихтисоси идораи давлатӣ- 1-260101 ва муносибатҳои байналмилалӣ – 1-230101 шурӯъ гардид.
Ҳайати комиссияи аттестатсионии хатм аз мутахассисони соҳибтаҷриба, коршиносон, кормандони масъули мақомоти давлатӣ ва устодону мутахассисони Академияи идоракунии давлатӣ ташкил ёфтааст, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати азхуднамудаи магистрантонро санҷиш намуда, баҳогузорӣ менамоянд.
Лозим ба таъкид аст, ки аттестатсияи хатм дар зинаи магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» бо мақсади муайян намудани сатҳи азхудкунии нақшаву барномаҳои таълимии хатмкунандагон ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ва ихтисос тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи аттестатияи хатм» ва банди 31 Оинномаи Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.
Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон