User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 12 январи соли 2024 бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2023 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Љумњурии Тољикистон чорабинии омӯзишӣ дар толори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки хизматчиёни давлатӣ ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Содиқӣ Насиба Нуруллозода - раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳмурод Рустам - раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Чорабиниро Дилноза Аҳмадзода-муовини директори Агентии хизмати давлатӣ ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки ҳамасола дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Љумњурии Тољикистон ироа мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ - сиёсӣ, роҳнамоикунанда ва дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолият, таъмини пешрафт, рафъи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, шароити зиндагии арзанда ва рушди тамоми соҳаҳои давлатӣ заминаи устувор мегузорад.

Маврид ба зикр аст, ки ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, аз рӯи салоҳият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян мекунад ва мутобиқи моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, Президент дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад ва масъалаҳоеро, ки зарур мешуморад, дар муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Ҳамин тавр, Паёми Президенти мамлакат ба парлумони кишвар пояи қонунӣ ва ҳуқуқӣ дошта, он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва аз вазифа, ҳуқуқ, салоҳиятҳои конститутсионии Сарвари давлат тибқи қонуни асосии мамлакат сарчашма мегирад.

Ҳар як Паёми солона тибқи вазифа, мақсаду маром ва хусусиятҳои хоси худ марбут ба марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат буда, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардидаи ояндаи наздик, миёнамуҳлат, инчунин имкониятҳои рушди устувору бонизоми давлату ҷомеаи алоҳида, ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар появу заминаҳои асосноки илмӣ ҷой дода мешаванд. Дар Паёмҳои ҳамасола ҷамъбасти ин барномаҳо ва натиҷаҳои бадастомада қайд гардида, баҳодиҳии айниву зеҳнии татбиқи нақшаҳои пешин, бо муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушд ифода мегарданд.

Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта, дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Ҳамзамон, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти як ҳуҷҷати сиёсиро доро аст, ки бо воситаи он мавқеи сарвари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷомеа муаррифӣ мешавад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати муосири давлат хеле бузург аст.

Аҳамияти дигари Паёми солонаи Президент аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд, самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда мешаванд, идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад, самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.

Дар идомаи чорабинӣ Содиқӣ Насиба Нуруллозода - раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳмурод Рустам - раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2023 зимни ироаи паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ баён доштанд, ки дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд. Дар ин раванд таъкид намуданд, ки бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар – аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми кишвар мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки дар заминаи ғамхорӣ ва роҳандозии кафолати иҷтимоӣ ва ҳавасмандӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҷиҳати босифат, самаранок ва мутобиқи талаботи замони муосир фаъолият намудан ва иҷрои дастуру супоришҳои аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароянда, дучанд масъул гардида, бо риояи принсипҳои хизмати давлатӣ дар фаъолияти ҳамарӯза бо таҳаммулпазирӣ, поквиҷдониву беғаразӣ, қатъият, касбияту салоҳиятнокӣ бо иродаи матину мавқеи устувор ва бо садоқат ба Ватану халқи Тоҷикистон дар адои вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ муваффақонафаъолият намоянд.

Татбиқи нишондодҳои Паёми навбатӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар, махсусан хизматчиёни давлатӣ мебошад.

 

 Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон