Санаи 13 январи соли 2024, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар маросими тақдими дипломҳо ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, муовинони ректор, устодону кормандон ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии тантанавиро ректори Академия, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, хатмкунандагон ва магистрантоне, ки таҳсилро дар Академия бомуваффақият ба итмом расониданд, таҳният гуфт. Дар идома қайд карда шуд, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ зимни сухани табрикотии худ иброз дошт, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар асоси сиёсати дурбинона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ Донишкада ба Академия табдил дода шуд. Олимшо Меҳрӣ ба хатмкунандагон муроҷиат намуда гуфт, ки эшон аз хушбахтарин нафароне мебошанд, ки ин даргоҳи илму маърифатро хатм намуданд. Ин насли хушбахт зинаи магистратураро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муосиртарин шароит ба итмом расониданд ва умед аст, ки оянда барои халқу Ватани худ хизмати содиқонаву софдилона менамоянд.
Дигар меҳмонон дар суханрониҳои худ зикр намуданд, ки Тоҷикистон хонаи ободу ормонҳои ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад. Мо бояд шукр аз он менамоем, ки дар давлати соҳибистиқлол ва орому осуда умр ба сар мебарем. Маҳз хизматчиёни давлатӣ, хатмкунандагони Академияро мебояд барои боз ҳам ободу зебо гардонидани хонаи умедамон кӯшиш ба харҷ диҳанд, донишҳои гирифтаи худро дар роҳи боз ҳам ободу хуррам намудани Ватани азизамон равона созанд. Иимрӯз дар кишвар зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Миёни онҳо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олист, ки ба омода кардани кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷрибаи соҳаи хизмати давлатӣ машғул аст.
Хатмкунандагони магистратураи хизматчиёни давлатӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ҷавон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд: «Мо, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созанда нишон диҳем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунем ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ба халқу Ватан хизмат намоем».
Сипас, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ва меҳмонон ба хатмкунандагон дипломҳо супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки магистратураи хизматчиёни давлатӣ соли 2009 дар доираи Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ барои дастгирии хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст, ки дар он маҳз хизматчиёни давлатӣ аз тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия барномаи рангини фарҳангии иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон