Санаи 16 январи соли ҷорӣ ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ»–и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дар соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҷамъбастии мазкур Дилноза Аҳмадзода - раиси ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ», муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоев Нусратулло - сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кормандони Агентии хизмати давлатӣ, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» иштирок намуданд.
Ҷаласаи ҷамъбастии ҳизбиро Дилноза Аҳмадзода - раиси ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ» ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки дар шароити мураккаби авзои ҷаҳонӣ, масъалаҳои ҷаҳонишавӣ ва геосиёсӣ, мавҷудияти хатарҳо ва таҳдидҳои замони муосир, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он масъалаҳои муҳимтарин дар ҷомеаи мо буда, ҳушёриву зиракии сиёсии шаҳрвандон, бахусус, хизматчиёни давлатӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад. Инчунин қайд намуд, ки ҳадафҳои ҲХДТ ин дастури ҳамарӯзаи фаъолияти ҳар як аъзои ташкилот буда, ҷиҳати расидан ба онҳо ҳамарӯза дар Агентии хизмати давлатӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласаи ҷамъбастӣ гузориши муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ»-Латифзода Фирдавс Намозалӣ ва гузориши котиби ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ»-Пулатова Индира вобаста ба лоиҳаи Нақшаи кории ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ» барои соли 2024 шунида шуд.
Дар музокира аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ» Толибов Раҷабмурод, Кенҷазода Мирзо ва Шарифзода Аъзамҷон суханронӣ намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласаи ҷамъбастӣ фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ» қаноатбахш арзёбӣ гардида, ҳамзамон бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо Нақшаи кори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» барои соли 2024 тасдиқ гардид.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Абдуллоев Нусратулло - сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар соли 2023 фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ» назаррас буда, яке аз ташкилотҳои беҳтарини ҳизбии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон