User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 16 январи соли 2024   бо иштироки корманди Агентиии хизмати давлатӣ – Раҷабмурод Толибов барои кормандони Агентӣ ҷамъ 23 нафар омӯзиши идоравӣ дар мавзуи «Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосиии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023» баргузор карда шуд.

Зимни маърўза, Раҷабмурод Толибов қайд намуданд, ки салоҳияти аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ин муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад.

Дар робита ба ин тибқи моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми худ баромад менамояд.

Аз ин лиҳоз бояд ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ба муқаддасоти милли эҳтиром ва арҷгузорӣ намуд.

Дар идомаи баромадаш Раҷабмурод Толибов нуктаҳои муҳими Паёмро дар робита ба ченакҳои рушди устувор (самтҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ), ҳамчунин дар муқоиса ба 17 мақсади рушди устувори ба ҳам алоқаманд «Нақшаи ноил шудан ба ояндаи устувор ва беҳтар ва хубтар», ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ соли 2015 қабул гардидааст, шарҳу тавзеҳ дода исбот намуданд, ки Паёми мазкур давоми мантиқии паёмҳои қаблии Сарвари давлат буда, бо муҳтавои хеле пурарзишаш барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва кадрсозии тамоми соҳаҳо роҳнамои асосӣ мебошад.

Дар як вақт дар доираи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» - и ҲХДТ дар ноҳияи И Сомонӣ аз ҷониби Раҷабмурод Толибов мафҳум, аҳамият, намудҳо, низом ва заминаҳои ҳуқуқии танзими интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва инитихоби вакилони ҷамоатҳо мухтасар шарҳ дода шуда, қайд карда шуд, ки дар давлати демократӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият эътироф гардидааст. Халқ ҳокимиятро маҳз бо воситаи интихобот ташаккул ва фаъолияти онро назорат мекунад. Интихобот дар шароити муосир дар таҳкими субот ва ваҳдати ҷомеа нақши бағоят бузург дорад, шаҳрванд, сарвар ва ё намояндаи арзандаро интихоб менамоянд, ки он кафили таъмини субот ва зиндагии халқ мегардад.

Таъмин намудани суботу ваҳдат ва рушди устувори ҷомеа ба сарваре, ки мардум интихоб кардааст, вобастагии  ногусастанӣ дорад. Дар тақвияти суханҳояш аз Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар интихоботҳои минбаъда ба ҳайси Сардори давлат интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати он пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон ёдовар гардида, таваҷҷуҳи хизматчиёни давлатиро барои омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқиашон ҷалб намуд.

Дар ҷараёни хониши сиёсӣ иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

 

Агентии хизмати давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон