User Rating: 5 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Active
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии хизмати давлатӣ ва нақшаҳои корӣ ба роҳ монда, дар доираи салоҳияти худ корҳои зеринро иҷро намуд:

Дар соли 2023 ба дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ 5773 (дар соли 2022-5739) мавод, аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 534 мавод, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо 4652 (лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ-28) мавод ва 580 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид шудааст.

Муҳтавои асосии маводи аз тарафи мақомоти давлатӣ ба Агентии хизмати давлатӣ воридгардидаро масъалаҳои ташкил, баргузорӣ ва ҷамъбасти озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, ташкили захираи кадрҳо, татбиқи кафолатҳои иҷтимоӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мансуб ба соҳаи хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд.

Аз ин шумора 2277 (соли 2022-2313) мавод барои баррасӣ ва иҷро, 997 (соли 2022-1055) мавод барои маълумот ва корбарӣ, 2499 (соли 2022-2371) мавод барои ҷамъбаст ба қайд гирифта шудаанд.

Аз маводи барои баррасӣ воридгардида 2203 адад дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро карда шуда, 74 мавод дар истеҳсол қарор дорад. Доир ба 997 маводи барои маълумот ва корбарӣ ва 2499 маводи барои ҷамъбаст воридшуда тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар соли 2023 аз Агентии хизмати давлатӣ 2447 (соли 2022-2701) мавод содир карда шудааст.

Дар ин давра ба сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ 2255 (соли 2022-2267) мавод ворид, аз онҳо 1092(соли 2022-1084) мавод содир гардидааст.

Аз ҷумла, дар Агентии хизмати давлатӣ 580 (соли 2022-609) муроҷиатҳои хаттӣ ва электронии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз он ба дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ 469 (соли 2022-472) муроҷиати хаттӣ ва 4 муроҷиати электронии шахсони воқеӣ ва ба сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ 107 (соли 2022-128) муроҷиати хаттӣ ворид шуда, баъди баррасӣ ба онҳо ҷавоб ирсол карда шудааст.

Мазмуни муроҷиатҳои хаттии хизматчиёни давлатӣ ва дигар шаҳрвандон аз масъалаҳо вобаста ба амали шахсони мансабдор, қабул ба хизмати давлатӣ, фаъолият намудан дар мансабҳои хизмати давлатӣ баъди таъқиби ҷиноятӣ, ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ, дастрас намудани маводи методӣ ва дигар масъалаҳо иборат мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ зимни қабули роҳбарият 37 муроҷиат, аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллӣ 248 муроҷиат, ҷамъ 285 муроҷиати шифоҳӣ ва 420 муроҷиати телефонӣ (мобилӣ) ба қайд гирифта шуда, мушкилоти баёнгардида баррасӣ ва ҳал карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 9 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ ва 52 ҷаласаи машваратии назди директори Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуда, 338 қарорҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, самтҳои асосии фаъолияти мақоми ваколатдори соҳа, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Аз он 267 адад иҷро карда шуда, 71 адад тибқи муҳлат дар баррасӣ қарор доранд.

Дар соли 2023 аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ лоиҳаи 13 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуд, ки аз онҳо 6 лоиҳа қабул гардида, 3 лоиҳа дар баррасии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 лоиҳаи дигар дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.

Ҳамчунин дар ин давра ба 27 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз мақомоти давлатӣ воридшуда хулосаҳои Агентии хизмати давлатӣ пешниҳод карда шуданд.

Лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии омоданамудаи Агентии хизмати давлатӣ дар сомонаи мақомот ҷой дода шуда, дилхоҳ шаҳрванд метавонад вобаста ба он таклифу пешниҳоди худро ба Агентии хизмати давлатӣ манзур намояд.

Дар соли 2023 аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузории хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2008, №578 тасдиқ карда шудааст, рафти иҷрои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Рӯшон, Мурғоб, Панҷакент, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Норак, Данғара, Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Кушониён, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин ва Муъминобод, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Ашт, Бобоҷон Ѓафуров, Зафаробод, Спитамен, Мастчоҳ, Левакант, Кушониён ва Панҷ мавриди  омӯзиш қарор дода шуд.

Ҳангоми санҷишҳо баъзе ҳолатҳои риоя нашудани талаботи қонунгузории хизмати давлатӣ зимни татбиқи технологияҳои кадрӣ, аз ҷумла ҳангоми интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ҷамоатҳо, таҳия, тасдиқ ва истифодаи дастурамалҳои мансабӣ, риояи талаботҳои тахассусӣ ва Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, пешбурди парвандаҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ҷой доранд. Ҳолатҳои қабули хизматчиёни давлатӣ бе баргузории озмун (46 ҳолат) низ мушоҳида гардид.

Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши Агентии  хизмати давлатӣ аз 24 августи соли 2011, №153) дар баъзе ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти санҷидашуда риоя карда нашуда, бархе аз хизматчиёни давлатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мазкур (47 ҳолат) ба талаботи тахассусӣ аз рӯи ихтисос ва сатҳи таҳсилот ҷавобгӯ намебошанд.

Дар маҷмӯъ аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ санадҳои санҷишӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ирсол карда шуд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тасдиқ карда шуда, то ин вақт қисми зиёди камбудиҳо бартараф карда шуда, фаъолият дар ин самт идома дошта, рафти минбаъдаи бартараф намудани камбудиҳо таҳти назорати Агентии хизмати давлатӣ қарор дода шудааст.

Вобаста ба идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси маълумоти мақомоти давлатӣ, ки аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ ҳар семоҳа дархост ва ҷамъбаст карда мешаванд, муайян карда шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21949 воҳидро ташкил дода, теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18180 нафар (82,8 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3769 адад (17,1 фоиз) мебошад.

Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4569 нафар ё 25,1 фоизро ташкил дода, аз 5883 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1132 нафар ё 19,2 фоиз занони роҳбар мебошанд.

Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 66 нафар афзоиш дода шудааст. Дар мансабҳои роҳбарикунанда бошад, теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 17 нафар зиёд шудааст.

Дар як вақт ба ҳолати 1 январи соли 2024  дар 32 мақомоти марказӣ, 23 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон, 13 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 9 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд, 4 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 2 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, ҷамъ дар 83 мақомоти давлатӣ дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи то 30 фоиз расонидани теъдоди занон таъмин карда нашудааст.

Теъдоди ҷавонони то 35-сола 8827 нафар (48,5 фоиз)-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 333 нафар кам мебошад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда  теъдоди  ҷавонони то 35-сола  1597 нафар (27,1 фоиз) буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 34 нафар кам шудааст.

Шумораи хизматчиёни давлатие, ки дар соли 2023 ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ расидаанд, 308 (зан-70) нафарро ташкил медиҳанд.

Аз онҳо 231 (зан-56) нафар аз мансабҳои ишғолнамуда озод гардида, 77 (зан-14) нафар то ҳол бо гузаштани муҳлат ва бе гирифтани нафақа фаъолият доранд.

Дар маҷмӯъ дар мақомоти давлатӣ 94 (зан-19) нафар хизматчиёни давлатӣ бо гузаштани муҳлат ва бе гирифтани нафақа дар хизмати давлатӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 28 (зан-8) нафар аз солҳои пешин мебошанд.

Дар як вақт дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои вазъи ҷалби ҷавонон ва занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари онҳо ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи он мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад.

Вобаста ба идоракунии захираҳои инсонӣ дар ин давра барои ишғоли 6176 (соли 2022-5678) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, ба 3862 (соли 2022-3641) мансаби холӣ бо иштироки 8922 нафар, аз он зан-1210 (соли 2022-8876, зан- 1428) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 3551 нафар, аз он зан-892 (соли 2022-3531, зан-876) нафар довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд.

Аз 3551 нафари ба мансабҳо таъингардида 2083 (зан-872) нафар ҷавонони то 35 - сола мебошанд.

Тибқи имтиёзи банди 37 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (3 холи иловагӣ) 578 (аз он зан 396 нафар ва ҷавонони хизмати ҳарбиро адонамуда 182) нафар ба мансабҳо тавсия карда шудаанд.

Мувофиқи рӯйхат ва ҷадвалҳои пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ аз 3600 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки бояд ба аттестатсияи навбатӣ фаро гирифта мешуданд, 3295 нафар, аз он зан-630 (соли 2022-2592, зан-578) нафар хизматчиёни давлатӣ ба аттестатсия ҷалб шуда, 305 нафар, аз он зан-58 нафар (соли 2022-240, зан-39) нафар бо сабабҳои узрнок (рухсатии меҳнатӣ, сафари хизматӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ) дар аттестатсияҳо иштирок накарданд.

Тибқи хулосаҳои комиссияи аттестатсионӣ аз 3295 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 3093 нафар, аз он зан-551 (соли 2022-2396, зан-537) нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат 53 нафар, аз он зан-6 (соли 2022-60 нафар, аз он зан-13) нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 83 нафар, аз он зан-14 (соли 2022-87 нафар, аз он зан-23) нафар барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 136 нафар, аз он зан-31 (соли 2022-105 нафар, аз он зан-29) нафар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтанд.

Дар як вақт тибқи хулосаҳои комиссияҳои аттестатсионӣ 202 нафар, аз он зан-21 (соли 2022-196, зан-41) нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ карда шуданд. Аз ин ҳайат ба 187 (зан-15) нафар барои такмили ихтисос, ба 6 (зан-2) нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан ба 9 (зан-4) нафар барои аз мансаб озод кардан тавсия дода шудааст.

Аз ҳисоби ҳайати захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ дар соли 2018 ҳамагӣ 36 (мақомоти марказӣ-21, мақомоти маҳаллӣ-15), аз он зан-10 нафар, соли 2019 ҳамагӣ 37 (мақомоти марказӣ-23, мақомоти маҳаллӣ-14), аз он зан-11 нафар, соли 2020 ҳамагӣ 44 (мақомоти марказӣ-29 ва мақомоти маҳаллӣ-15) нафар, аз он зан-13, соли 2021 ҳамагӣ 68 (мақомоти марказӣ-33, мақомоти маҳаллӣ-35), аз он зан-19 нафар, соли 2022 108 (мақомоти марказӣ 56, мақомоти маҳаллӣ 52), аз он зан-37 нафар ва дар соли 2023 аз ҳисоби ҳайати захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ 73, аз он зан-16 нафар ба мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ таъин карда шуданд, ки фаъолияти мазкур қаноаткунанда намебошад.

Аз таҳлили муқоисавии нишондодҳо оид ба ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатӣ давоми солҳои 2014-2023 бармеояд, ки теъдоди кадрҳои ротатсияшаванда аз 489 нафар (соли 2014) ба 169 нафар (соли 2023) расида, тамоюли пастравӣ дорад.

Рафти иҷрои талаботи қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар охири моҳи январи соли 2024 ҷамъбаст карда мешавад.

Давоми соли 2023 дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 курси таълимӣ, аз ҷумла 6 курси таълимии ғайринақшавӣ (3 курси азнавтайёркунӣ, 29 курси такмили ихтисос, аз ҷумла 6 курси такмили ихтисоси ғайринақшавӣ ва 2 курси таҷрибаомӯзӣ) ташкил карда шуда, ба онҳо 1889 (зан-637) нафар хизматчиёни давлатӣ, аз он 865 (зан-316) нафар ҷавонони то 35-сола ҷалб карда шуданд.

Ба ғайр аз ин аз ҷониби марказҳои омӯзишии Академияи идоракунии давлатӣ 6 курси такмили ихтисос бо иштироки 125 (зан-75) хизматчии давлатӣ ташкил карда шуд.

 Боз 8 семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки 208 нафар хизматчии давлатӣ дар мавзӯи «Расмиёти маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд.

Ҳамчунин бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» аз соли 2019 инҷониб дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел курси омӯзишии дуалӣ аз рӯи барномаи «Зан-сарвар» барои тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби занони фаъолу лаёқатманди то 40-сола-хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар 3 давра бо давомнокии 30 рӯз ташкил ва дар солҳои 2019-2023 ба курсҳои мазкур 225 нафар бонувон ҷалб карда шуда, онро 177 нафар бонувон хатм намуданд.

Дар соли 2023 низ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои занон ва омода намудани онҳо барои ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда даврҳои якум ва дуюми курси омӯзишии дуалӣ барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди он бо ҷалби 23 нафар аз 10 то 17 майи соли 2023 ва аз 19 то 26 июли соли 2023 дар шаҳри Гулистон, даврҳои якум ва дуюми курси омӯзишии мазкур барои занони фаъолу лаёқатманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҷалби 25 нафар аз 26 апрел то 3 майи соли 2023 ва аз 24 то 31 майи соли 2023 дар Академияи идоракунии давлатӣ баргузор карда шуданд.

Ҳамчунин барои шунавандагони курсҳои мазкур аз 20 то 21 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе ва аз 30 июн то 1 июли соли 2023 дар шаҳри Гулистон тренинги омӯзӯшӣ дар мавзӯи «Маҳорати суханварӣ ва роҳбарӣ» ташкил карда шуд.

Ба ғайр аз ин бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдел аз соли 2022 то инҷониб курси омӯзишӣ барои раисон ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Левакант, Восеъ, Носири Хусрав, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Хуросони вилояти Хатлон бо иштироки 43 (зан-7) нафар гузаронида шуд. Аз шумораи 43 (зан-7) нафар иштирокчиён 23 (зан-4) раисон ва 20 (зан-3) вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои мазкур мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел аз 8 то 12 июни соли 2023 даври якуми курси омӯзишӣ барои раисон ва вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Кушониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Хуросони вилояти Хатлон бо фарогирии 28 нафар баргузор карда шуд.

Бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ бо мусоидат ва назорати  Агентии хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ омӯзишҳои идоравии хизматчиёни давлатӣ гузаронида мешаванд.

Дар робита ба ин бо мувофиқаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи намунавии омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дар соли 2023 таҳия, тасдиқ ва аз 23 ноябри соли 2022, №04-2320 барои корбарии минбаъда ба мақомоти давлатӣ ирсол гардида, рафти иҷро таҳти назорати Агентии хизмати давлатӣ қарор дода шудааст.

Мувофиқи дархостҳои Академияи идоракунии давлатӣ, Донишкадаи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар соли 2023 таҷрибаомӯзии 35 нафар донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таълимии мазкур дар Агентии хизмати давлатӣ ташкил карда шуд.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ кормандони Агентии хизмати давлатӣ вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳаи хизмати давлатӣ дар чорабиниҳои мухталифи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок ва маърӯза намуданд.

Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо сохторҳои соҳаи хизмати давлатии кишварҳои хориҷӣ дар самти таҳсил ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар ин давра тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.

Аз ҷумла аз соли 2009 инҷониб дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Академияи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шудааст.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдел давоми солҳои 2010-2023 магистратураи мазкурро 937 (зан-268) нафар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла, аз мақомоти марказӣ 440 (зан-122) нафар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 433 (зан-126) нафар, кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 64 (зан-20) нафар хатм намуданд.

Ҳамзамон таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии қазоқистон дар доираи маблағгузории Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар зинаи магистратураи яксола ва дусола низ ба роҳ монда шуда, 13 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон давоми солҳои 2011-2023 таҳсилро дар муассисаи мазкур хатм намудаанд.

Санаи 25 сентябри соли 2023 вохӯрии роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ бо роҳбари Барномаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер ҷиҳати ташкили ҳамкориҳои минбаъда баргузор карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) идома дода шуд.

Дар доираи ҳамкориҳои мазкур солҳои 2009-2023 121 (зан-23) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 90 (зан-15) нафар таҳсилро хатм намуда, аз онҳо 34 (зан-3) нафар ё 37,7 фоиз аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд.

Аз ҷумла, дар соли 2023 боз 15 нафар хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои магистрӣ ба донишгоҳҳои Япония барои таҳсил фиристода шуданд.

Айни замон таҳсили 31 нафар (30 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дорад.

Ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо ҷониби Корея тавассути барномаҳои таълимӣ барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб дар самти такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар магистратураи донишгоҳҳои Корея амалӣ карда мешавад.

Дар солҳои 2015-2022 17 (зан-4) нафар хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои магистрии донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея фиристода шуда, 9  (зан-3) нафар таҳсилро ба итмом расонида, таҳсили 8 нафар идома дорад.

Ҳамкориҳо бо ҷониби Корея дар соли 2023 тақвият дода шуда, боз 5 нафар хизматчиёни давлатӣ (вазоратҳои молия-1 нафар, кишоварзӣ-1 нафар, нақлиёт-1 нафар, энергетика ва захираҳои об-2 нафар) барои таҳсил ба Корея фиристода шуданд.

Бо ҳамин тартиб ҳамкориҳои байналмилаии Агентии хизмати давлатӣ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Нидерланд ва дигар давлатҳо идома дода шуд.

Дар ин давра бо мақсади тарғиби дастовардҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва шиносоӣ  бо кори Агентии хизмати давлатӣ фаъолияти сомонаи Агентии хизмати давлатӣ (www.ahd.tj) тақвият дода шуда, матлабҳои гуногун дар саҳифаҳои хабарҳо, эълони озмунҳои мақомоти давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва ғайраҳо мунтазам ворид карда шуданд.

Бо мақсади хизматрасониҳои электронӣ ба аҳолӣ дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ бо нишонаи www.ahd.tj саҳифаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла «Гӯшаи санҷиш» барои худомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон таъсис дода шуда, он аз тестҳои омӯзишӣ иборат мебошад.

Барои баланд бардоштани донишҳои хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ саҳифаҳои «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Китобхона», «Консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо», «Робитаҳои байналмилалӣ», «Муроҷиатномаҳо»,  саҳифаи «Озмун» ҷиҳати сари вақт дастрас намудани маълумот оид ба ҷойҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ пешбинӣ шудаанд.

Бо мақсади амалӣ намудани тарғиби оммавии зиддикоррупсионӣ  тавассути воситаҳои ахбори омма, матбуоти даврӣ ва шабакаи интернет дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ дар гӯшаи «Санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ» қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки  бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз декабри 20 декабри соли 2021, №282  тасдиқ гардидааст, ҷой дода шудаанд.

Ҳамчунин дар сомонаи Агентии хизмати давалтӣ китоби электронии «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлати» бо фарогирии Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 қонун, 1 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 фармоишҳои Агентии хизмати давлатӣ барои истифодаи мақомоти  давлатӣ, хадамотҳои кадрӣ ва хизматичиёни давлатӣ ҷойгир карда шудааст.

Ба ғайр аз ин Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи садоӣ (аудиоӣ)  сабт карда шуда, дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ ҷойгир карда шудааст.

Ҳамчунин аз тарафи Агентии хизмати давлатӣ номгӯйи саволҳо доир ба ҳуқуқи инсон, ки ҳангоми гузаронидани аттестатсияҳои хизматчиёни давлатӣ ва озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии мақомоти давлатӣ ҷиҳати истифода тавсия дода мешаванд, таҳия гардида, ба ҳамаи вазорату идораҳо барои истифода ирсол карда шудааст.

Номгӯйи мазкур якҷо бо ҷавоби онҳо ҷиҳати дастрас намудани маълумот ба хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ (www.ahd.tj) ҷойгир карда шудааст.  

Теъдоди хонандагони сомонаи Агентии хизмати давлатӣ то 1 январи соли 2024 зиёда аз 65845 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ин давра дар сомонаи иҷтимоии фейсбук саҳифаи Агентии хизмати давлатӣ ба истифода дода шуда, шумораи бинанда ва хонандаи он зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Агентии хизмати давлатӣ минбаъд низ фаъолиятро дар доираи ваколатҳои худ самаранок ба роҳ монда, барои татбиқи сиёсати давлатӣ ва қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.

 

                                               Агентии хизмати давлатии назди

                                           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон