User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Дар доираи нақшаи баргузории курсҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчиёни давлатӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон-муҳандисони заминсози ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи барномаи “Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар” ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Шоҳрух Ҳамидов, муовини якуми раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода, сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят Суғд Шоҳидахон Муродӣ, сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд Рухшона Ҷаҳонзода ва шунавандагони курси сайёри такмили ихтисос иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи курс қайд гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ барои Тоҷикистон бо назардошти иқтисодиёти аграрӣ ва вобастагии он ба кишоварзӣ вазифаи муҳим мебошад. Рушди кишоварзии устувор, аз ҷумла дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, истифодаи усулҳои органикии кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва мубориза бо эрозияи хок аз вазифаҳои муҳимтарин дар ин самт ба шумор мераванд. Бо дарназардошти захираҳои табиӣ ва иқтидори худ дар соҳаи кишоварзӣ Тоҷикистон имконият дорад, ки амнияти озуқавории аҳолии худро таъмин намояд. Ҳалли ин мушкилот муносибати ҳамаҷонибаро талаб мекунад, ки иштироки давлат, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаро дар бар мегирад.
Лозим ба таъкид аст, ки курси мазкур аз 13 то 18 майи соли равон идома намуда, дар фарҷом ба шунавандагон гувоҳномаҳо тақдим карда мешавад.

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон