Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ироа гардидаанд, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барномаҳои гуногуни омӯзиширо пайваста ташкил ва баргузор менамояд.
Ин навбат Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия бо иштироки доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Залитсин Игор Юревич курси такмили ихтисоси кӯтоҳмуҳлатро дар мавзӯи «Роҳҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ» барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Курси мазкур ба омӯзиши ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии мубориза бо экстремизм ва терроризм, тадбирҳои зӯроварии пешгирии экстремизм ва терроризм, нақши воҳидҳои махсуси зидди терроризм, системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва дигар тадбирҳо, ки ба муайян ва бартараф намудани сабабҳо ва шароитҳое, ки ба пайдоиш ва паҳншавии экстремизм ва терроризм дар муҳити ҷавонон мусоидат мекунанд, равона карда шудааст.
Ҳамчунин дар доираи курси мазкур мутахассисон ва иштирокчиён оид ба таъсис ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷавонони созанда, корҳои пешгирикунанда бо ҷавонон ва наврасони зери хатар, ҷалби ҷавонон ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ, шуури ҳуқуқии рушдёфта, ватандӯстӣ ва ғайраҳо музокира намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон