Курси сайёри такмили ихтисос барои сармутахассисон-муҳандисони заминсози ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи барномаи “Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар” дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷамъбаст гардид.
Дар маросими ҷамъбасти курси мазкур директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳрух Ҳамидов, намояндагони расмӣ ва шунавандагони курси сайёри такмили ихтисос иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов шунавандагонро бо ҷамъбасти муваффақонаи курси такмили ихтисос самимона шодбош гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъда бурдбориҳо таманно намуд. Қайд гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ҳамчун ҳадафи стратегии рушд муаррифӣ гардидааст. Давлату Ҳукумати кишвар тӯли солҳост, ки барои расидан ба ин ҳадаф талош намуда, дар ин ҷода ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидаанд. Аз ин ҷост, ки донишу малакаи кофии хизматчиёни давлатӣ дар расидан ба ҳадафҳои стратегӣ басо муҳиму калидӣ ба шумор меравад. Мақсад аз баргузории курси мазкур низ беҳтар намудани сатҳу сифати саводнокии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Бо изҳори боварӣ метавон гуфт, ки донишу маҳорате ки шунавандагон дар ҷараёни баргузории курси мазкур аз худ намудаанд, барои расидан ба ин ҳадафҳо заминагузор мегардад.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби меҳмонон ба шунавандагон гувоҳномаҳо оид ба хатми курси сайёри такмили ихтисос тақдим карда шуд.
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон