Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он Давлатов Ҷ.М. - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаломзода А.А.-муовини раиси вилояти Хатлон, Қурбонзода Ҳ.Ҷ.-муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Баротзода Д.Р.-роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Рашидов Ҷ.Қ. ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатӣ, Ҳамидов Ш.Б.-директор Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракуни давлатӣ, роҳбарони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони якум, муовинони раис, роҳбарони дастгоҳҳо, мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, баъзе кормандони дастгоҳи марказии Агентии хизмати давлатӣ ва кормандони шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи ҷалби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба такмили ихтисос дар соли 2023 ва семоҳаи якуми соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласаро Давлатов Ҷ.М. директори Агентии хизмати давлатӣ ифтитоҳ намуда, аз рӯйи масъалаи рӯзнома Қурбонзода Ҳ.Ҷ. муовини директори Агентии хизмати давлатӣ гузориш дод.
Қайд гардид, ки дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки ба донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ вобаста набошад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва дорои салоҳияти (қобилияти) баланди корӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бӯҳрониро дар тамоми соҳаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҳаллу фасл намояд.
Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар суханрониҳои барномавӣ ба омода намудани кадрҳои баландихтисос ва такмили пайвастаи донишу малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 таъкид доштанд, ки «барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати фаъолияти идоракунии давлатӣ бештар ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбиниву дониши амиқи касбиву сиёсӣ, қобилияти ташкилотчигиву кордонӣ, малакаи идоракунӣ, инчунин шахсони масъулиятшиносу ватандӯст, забондон ва аз технологияи муосир бархурдор таваҷҷуҳ бояд кард».
Таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар асоси талаботи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ амалӣ карда шуда, дар шакли тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ сурат мегирад ва зарур аст, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷиҳати иҷрои меъёри мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Мувофиқи қисми сеюми моддаи 120 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ки барои ҷалби кормандон ба таҷрибаомӯзӣ, тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос шароит муҳайё намояд.
Мувофиқи банди 5 Қоидаҳои таҳия ва амалӣ намудани фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, №266 тасдиқ карда шудааст, таҳсили хизматчиёни давлатӣ имтиёзи давлатӣ буда, бояд хизматчии давлатӣ дар се сол як маротиба ба такмили ихтисос фаро гирифта шавад.
Мувофиқи талаботи банди 3 Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 24 августи соли 2011, №153 тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2011, №436«а» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, барои хизматчиёни давлатӣ мунтазам баланд бардоштани тахассуси касбӣ (на камтар аз як маротиба дар 3 сол) ҳатмӣ мебошад.
Таҳсили иловагии хизматчиёни давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ тибқи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли тақвимӣ амалӣ карда мешавад.
Дар барномаҳои таълимии курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ мавзуъҳои умумӣ, соҳавӣ, ҳуқуқӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯзмарра ҷой карда мешаванд.
Дар баробари ин аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ мунтазам ҷиҳати тақвияти барномаҳо ва мавзуъҳои таълимӣ, зиёд намудани шумораи курсҳои таълимӣ ва шунавандагони дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Мувофиқи таҳлилҳо дар асоси Нақшаи-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2023 аз ҷониби Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 34 курси таълимӣ, аз ҷумла 3 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 29 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва 6 курси ѓайринақшавӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ ва шаҳру ноҳияҳо (курсҳои сайёр) доир карда шуда, дар онҳо 1889 (зан-637) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд.
Аз шумораи 1889 нафар хизматчиёни давлатии ба курсҳои мазкур ҷалбшуда 161 нафар (8,5 фоиз)-ро хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон дар семоҳаи якуми соли 2024 7 курси таълимӣ, аз ҷумла 1 курси азнавтайёркунӣ, 6 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Академияи мазкур ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон доир карда шуда, дар онҳо 408 (зан-165) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуда, 30 нафар (ё 7,3 фоиз) шунавандагон хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мебошанд.
Таҳлили вазъи иштироки шунавандагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар солҳои 2023 ва семоҳаи якуми соли 2024 нишон дод, ки аз ҷониби баъзе мақомоти давлатӣ ба масъалаи тақвият бахшидани донишҳо ва салоҳияти хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи зарурӣ дода шуда, барои таъмини иштироки саривақтии хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои таълимӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта оид ба ҷалби бештари хизматчинёни давлатӣ ба такмили ихтисос ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати иҷро супорида шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон