Санаи 23 апрели соли 2025 вохӯрии директори Агентӣ Идрисзода Илёс Мумин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин ва ҳайати ҳамроҳ, бо иштироки масъулони Агентӣ ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Агентӣ бо мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути барномаҳои таълимӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб дар самти таҳсил, аз ҷумла такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантура амалӣ карда мешавад.
Зикр карда шуд, ки дар асоси ин барномаҳои таълимӣ давоми солҳои 2012-2024 72 нафар хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуда, аз ин шумора 58 нафар таҳсилро хатм намуда, айни замон таҳсили 14 нафар идома дорад.
Ҳамчунин давоми соли 2024 6 нафар кормандони Агентӣ дар семинарҳои омӯзишӣ, ки дар шаҳрҳои Пекин, Шенчжен ва Чаншаи музофоти Хунани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардиданд, иштирок намуданд.
Ҳангоми вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки вобаста ба масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдор Раёсати ташкилии (Раёсат оид ба корҳои хизмати давлатии) Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин муқаррар гардидааст.
Мавсуф зикр кард, ки мақсад аз дархости Сафорат ҷиҳати баргузории вохӯрии мазкур низ аз таклифу пешниҳоди Раёсати ташкилии Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ташкили ҳамкориҳои минбаъда бо ҷониби Тоҷикистон дар самти хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ иборат мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ташкил ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда, таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ба роҳ мондани сафарҳои хизматии дуҷониба бо мақсади омузиш ва табодули таҷриба бо Раёсати ташкилии Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки барои рушд ва истифодаи самарабахши захираҳои инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи донишҳои хизматчиёни давлатӣ ва таҳкими минбаъдаи хизмати давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.