User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

«Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем».                                                                                                                                                                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳамкасбони   гиромӣ!  

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар кишвари мо 5 октябр-Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат, бо камоли эҳтирому шодмонӣ якояки Шуморо бо ҷашни муқаддасу фархунда-Рӯзи забони давлатӣ самимона муборакбод мегӯям.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

        Санаи 2 октябри соли равон дар доираи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

     Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 сентябри соли равон мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар ташаккул ва рушди ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 баргузор карда шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

         Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ санаи 25 сентябри соли ҷорӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории директори Агентии хизмати давлатӣ бо намояндагони роҳбарияти Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

  Т А В А Ҷ Ҷ У Ҳ:

 ДАЪВАТ БА ОЗМУН

      Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала  ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

         Қавли маъруфи файласуфи бузурги олмонитабори садаи бист Мартин Ҳайдеггер (1889-1976) дар бобати «бинои ҳастӣ» будани забон ҳақиқати бебаҳс аст ва ҷойи шакку тардид надорад. Воқеан, бинои пойдори ҳастии ҳар қавму миллат дар ҳамаи давру замон забони модарии ӯст, ки на танҳо таъриху фарҳанг, одобу русум, балки дар маҷмуъ асолату рисолати ҳастии он қавму миллатро дар ойинаи тамомнамояш мунъакис мекунад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

    Санаи 20 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи васеи навбатии ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

     Дар кори ҷаласа масъалаи ҳолати ташкили ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

   Дар ҷаласа Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич -  директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимшо Меҳрӣ - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо,  Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидов Шоҳрух Бозорович – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

         Имрӯз яке аз масъалаҳои ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Созмонҳои террористию экстремистӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои хусусияташон экстремистӣ ва террористиро пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ - сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.