29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммадро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо туфайли ҳамкории босамари Тоҷикистону Созмони Милал ташаббусҳои кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдории васеъ ёфтаанд.
Ба масъалаҳои рӯзномаи нахустин конфронси сатҳи баланд оид ба пиряхҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон барои таъмини сулҳу субот дар саросари ҷаҳон пайваста бо шарикони байналмилалӣ, бахусус ниҳодҳои Созмони Милал ҳамкории босамар дорад.
Ҳамкории созанда ва густурда бо Созмон дар самти обу иқлим ва ташаббуси навбатии муҳими байналмилалии Тоҷикистон якҷо бо Ҷумҳурии Фаронса оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумӣ доир ба “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Сарчашма:president.tj