User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

11 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.

Бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст.  

Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар  маркази ноҳияи Айнӣ доман густурда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд шуда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст.

Саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо ва чароғон аст. Суҳбаткадаҳо, айвонча ва дигар инфрасохтори зарурӣ қисмҳои иловагии иншоот буда, доман густурдани он ба ҳусни маркази ноҳияи Айнӣ зебоии дигар зам менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта дар ин ҷо ба дастандаркорон барои тасвири шоистаи шоир дар муҷассама баҳои баланд доданд.

Таъкид шуд, ки дар оянда ин макони сайру сайёҳат ҳамчун маркази баргузории чорабиниҳои адабию фарҳангӣ низ ба мардум хизмат хоҳад кард.  

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, нақши Гулназар Келдиро ҳамчун шоири ватансаро дар тарбияи маънавии мардум неку муассир арзёбӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки устод Гулназар муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз шахсиятҳоест, ки офаридаҳояш барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун ганҷинаи адабиёти муосири тоҷик хизмат хоҳад кард.

Сарчашма:president.tj