User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 11 январи соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими  хатми  магистратура барои хизматчиёни давлатӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷӯрахон, ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини якуми директори Агентӣ Қосимзода Г.Ҷ. зимни суханронии худ қайд кард, ки аз соли 2009 инҷониб бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ташкил карда шудааст.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ, Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон давоми солҳои 2010-2016 магистратураи мазкурро 488  нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд, ки 261 нафар аз мақомоти марказӣ ва 277 нафар аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аз ин шумора 28 нафар аз мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд.

Аз ин теъдод 193 нафар ё 39,5 фоиз ба болоравии мансабӣ ноил гардида, 173 нафар ё 35,4 фоиз дар мансаби қаблӣ дар соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ босамар кору фаъолият менамоянд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба хатмкунандагон ифтихорномаҳо ва дипломҳои хатми магистратура супорида шуд.