Забон рукни муҳими давлатдорӣ ва бақои ҳар як миллат буда, мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ муҳим дониста мешавад.
Агентии хизмати давлатии назди ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, инчунин бо мақсади ташаккули забондонӣ ва инкишофи малакаи суханварии хизматчиёни давлатӣ санаи 2-юми октябри соли 2018 машғулияти идоравиро таҳти унвони «Фарҳанги суханварӣ дар хизмати давлатӣ» бо иштироки мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд. Ҳамзамон 5-уми октябри соли равон бахшида ба ин санаи фархунда дар Агентии хизмати давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. зимни маърӯзаи худ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, доир ба нақш ва мақоми забон ҳамчун омили шинохти миллат дар арсаи байналмилалӣ, истифодаи забони давлатӣ дар идоракунии давлатӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар хизмати давлатӣ суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифз ва гиромидошти забони миллӣ дар маркази ташаббусҳо ва сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуд. Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008-ро эълом доштани Соли забони тоҷикӣ, таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012 – 2016, аз ҷумлаи иқдомҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони миллӣ маҳсуб мегардад. Аз натиҷа забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар корҳои давлатдорӣ озодона мавриди истифода қарор дорад ва ин забон имрӯз забони сиёсат, илм, қонунгузорӣ, робитаҳои дипломатӣ ва ба шумор меравад.
Таъкид карда шуд, ки баъди қабули Қонуни мазкур зиёда аз 200 санади меъёрии ҳукуқии соҳаи хизмати давлатӣ ба забони давлатӣ таҳия гардида, китоби рӯимизии хизматчии давлатӣ бо фарогирии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба забони тоҷикӣ чор маротиба нашр гардида, ба мақомоти давлатӣ дар шакли хаттию электронӣ дастрас карда шуд. Ба ғайр аз ин дастурамалҳо оид ба таҳияи ҳисоботу гузоришҳо ба забони давлатӣ барои мақомоти давлатӣ омода ва дастрас гардида, Фарҳанги мухтасари русӣ - англисӣ - тоҷикии истилоҳот ва мафҳумҳои соҳаи идоракунӣ ва хизмати давлатӣ ба нашр расид.
Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ омӯзиши Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, масъалаҳои мукотиботи расмӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, инчунин Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ дар машғулиятҳои такмили ихтисос ташвиқу тарғиб карда мешаванд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин, вобаста ба зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, ки омили асосии такмили сифатҳои касбии инсони муосир мебошад, изҳори назар карда шуд.