Яке аз шаклҳои технологияи кадрӣ, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавон мусоидат менамояд, ин ташкил ва истифодаи захираи кадрҳои ҳайати роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ мебошад.
Агентии хизмати давлатӣ ҳамасола ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисосро барои кадрҳои ҷавону болаёқате, ки дар захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ қарор доранд, дар Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
Мувофиқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2019, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ 90 нафар ҷавонони болаёқат ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 то 7 апрели соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
Дар ифтитоҳи курси мазкур роҳбарияти Донишкадаи идоракунии давлатӣ, Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо қайд гардид, ки ҷавонон бояд ба Ватан ва миллат содиқона хизмат намуда, барои ҳифзи давлати соҳибистиқлоли худ, забону фарҳанги миллӣ ҳамеша омода бошанд. Омӯзиши пайваста ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ба неруи фаъолу созанда табдил ёфта, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори воқеии Ватани худ гарданд.
Курси такмили ихтисос як ҳафта идома ёфта, дар ин муддат инчунин барои шунавандагон мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мегардад.