Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Исматуллозода Фаридун Исматулло ва шунавандагони курс иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии худ ректори Академия, профессор Ғафурзода Абдухалил қайд намуд, ки хизмати давлатӣ ин фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст, ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки заминаҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти соҳа ва дар амал татбиқ намудани ин донишҳо вазифаи асосии хизматчиёни давлатӣ ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми фаъолияти хизмати давлатӣ тӯли зиёда аз 32 соли соҳибистиқлолӣ пурра ба танзим дароварда шуда, тавассути қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст.
Дар идома муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Агентии хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа танзими фаъолияти хизматчиёни давлатиро вазифаи худ дониста, ба таври пайваста ҷиҳати такмили донишу таҷрибаи онҳо талош менамояд. Курси мазкур, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати донишу таҷрибаи хизматчиёни давлатии ҷавон ташкил карда шудааст, натиҷаи пурсамар дода, минбаъд дар ташаккул додани фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳиссагузор хоҳад буд.
Дар фарҷоми маросими ифтитоҳ директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Фаридун Исматуллозода суханронӣ намуда, шунавандагонро ба тартиби баргузории курс ва вазифаву уҳдадориҳои шунавандагон шинос намуд.
Курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, тибқи нақшаи аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида то 3 феврал идома хоҳад намуд. Дар фарҷоми курс ба шунавандагон шаҳодатномаи хатм дода мешавад.
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон