Санаи 26 январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 54 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №168 тасдиқ карда шудааст, ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Стратегияи давлатии кадрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаи гуруҳи корӣ бо роҳбарии Дилноза Аҳмадзода - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, роҳбари гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Стратегияи мазкур бо иштироки ҳайати гуруҳи корӣ, масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил гардид.
Қайд карда шуд, ки гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Стратегияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2022, №234 бо мақсади такмили мақсаду вазифаҳо, самтҳои афзалиятнок, принсипҳои танзими давлатии сиёсати кадрҳо ва ба ин васила дарёфти механизм ва роҳҳои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Дар таҳрири нав таҳия намудани ҳуҷҷати муҳими соҳавии муайянкунандаи дурнамои фаъолият дар ин самт ҷиҳати ворид намудани талаботҳои наву муосир дар низоми таъминоти кадрӣ, шартҳо ва роҳҳои татбиқи онро муайян намуда, дар раванди кор бо кадрҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун роҳнамо ва дурнамо хизмат хоњад кард.
Дар таҳрири нав бо дарназардошти таҳлили вазъият, натиҷагирӣ аз татбиқи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи муҳими заминавии соҳавӣ ва бо омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия гардидани Стратегияи мазкур, инчунин амалигардонии чорабиниҳо оид ба рушди сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ кунанда, идомаи тадбирҳои системавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳо мебошад.
Зимни ҷаласаи гуруҳи кории мазкур Нақшаи тақсимоти вазифаҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Стратегияи мазкур аз ҷониби Кенҷазода Мирзо Анвар рӯнамоӣ карда шуда, бо дарназардошти таклифҳо ва такмил ҷиҳати таъмини иҷро аз ҷониби роҳбари гуруҳи корӣ тасдиқ гардид.
Дар қисмати музокира бо таклифу пешниҳодҳои дахлдор аъзоёни ҳайати гуруҳи корӣ: - Аъзам Шарифзода, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, Бобоҷон Меҳмондӯстов, муовини сардори шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ, Ғоибов Одина, сардори шуъбаи молия ва муҳосибот, Шаҳбоз Саидзода, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Файзулло Насуллозода, сардори шуъбаи ташкилию иттилоотӣ ва Аврангзеб Садриддинов, мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд.
Фаъолияти минбаъдаи гуруҳи корӣ бо мақсади иҷрои банди 54 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №168 тасдиқ карда шудааст, оид ба таҳияи Стратегияи давлатии кадрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи нақшаи тадбирҳои тасдиқгардида ба роҳ монда мешавад.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон