Санаи 25 апрели соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2025 курси навбатии такмили ихтисоси роҳбарони хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рўйи барномаи «Татбиқи технологияҳои кадрӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Курси мазкур 21 апрели соли 2025 ифтитоҳ гардида, ба он 72 нафар роҳбарони хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷалб карда шуданд.
Мувофиқи барномаи таълимӣ шунавандагони курси мазкур дар рафти машғулиятҳо вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрӣ (озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, баҳогузории фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ҷойивазкунӣ ва ғ.), амалисозии Кодеси одоби хизматчии давлатӣ, фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ, пешгирии ҳаяҷон дар фаъолияти кормандони мақомоти давлатӣ, асосҳои коргузорӣ ва дигар масъалаҳои мубрам маълумот гирифтанд.
Дар маросими анҷоми курси болозикр муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, ноиби якуми Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Одиназода Фирдавс Ҷалил ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон зимни баромад таъкид доштанд, ки нақши хадамоти кадрӣ дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии ҳайат назаррас буда, бояд мунтазам донишу маҳорат ва малакаи кормандони низоми кадрии мақомоти давлатӣ такмил дода шавад.
Дар интиҳои чорабинӣ ба шунавандагони курси такмили ихтисос гувоҳномаҳои хатми таҳсил супорида шуд.