User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
    Имрӯз қонунгузории хизмати давлатии Тоҷикистон бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шабеҳ ва дар баъзе ҳолатҳо бартарӣ дорад.
    Таъсиси хизмати давлатии касбӣ ва афзоиши ҷолибияти он фароҳамсозии заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи ниҳоди хизмати давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии хизмати давлатӣ ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ дастовардҳои асосии ислоҳоти хизмати давлатии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият мебошанд.
     Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мардуми меҳанпарвару меҳнатдӯсти кишвар, дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, дар маҷмӯъ дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд. Барои устуворона қадам гузоштан дар шоҳроҳи таърих ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои муосир барои ҳар як давлат, пеш аз ҳама кадрҳои ҷӯяндаю навовар ва содиқу бунёдгар заруранд.
     Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон низ аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
     Дар раванди ташаккули ниҳоди хизмати давлатӣ дар кишварамон маҷмӯи чорабиниҳо барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷиҳати таҳкими саҳми ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҷалб ва иштироки ҷавонон дар хизмати давлатӣ роҳандозӣ гардидаанд.
     Соли ҷавонон эълон доштани соли 2017 идомаи иқдомҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ин қишри ояндасози ҷомеа буда, ташаббуси мазкур барои рушди соҳаи хизмати давлатӣ такон бахшид. Аминам, ки бо истифода аз шароиту имконияти фароҳамовардашуда, дастгириву ғамхориҳои ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисосу лаёқатманд минбаъд низ боз ҳам тақвият хоҳад ёфт ва ҳар яки мову шумо бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ аҳлона заҳмат кашида, саҳми арзишманди худро ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила мегузорем.
      Дар ин рӯзҳои барои мардуми кишварамон босаодату фараҳбахш таманно менамоем, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷовидона ва дар кишвари азизамон сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ, нишоту хуррамӣ ва ободиву пешрафт поянда бошад.
Фирдавс Латифзода-сардори шуъбаи
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд