User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Саннаи 9-уми октябри соли равон дар доираи сафари расмии Президенти Федератсияи Россия ба Тоҷикистон Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи россиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин баъди нисфирӯзии ҳамин рӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сеҷонибаи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори Академияи россиягии хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия оид ба муҳокимаи ҳамкориҳои муштараки минбаъда баргузор карда шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба оид ба усулҳои таҳсил ва рушди захираҳои инсонӣ барои фаъолияти самараноки хизматчиёни давлатӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дар маҷмӯъ таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаро дар доираи Созишномаи мазкур мавриди муҳокима қарор доданд.