Санаи 21 ноябри соли равон бо ташабуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рузи Парчами давлатӣ омӯзиши идоравии кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардид.
Дар омӯзиши идоравии мазкур Абдуллозода Фирдавс Асатулло - муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, Ализода Баҳриддин Пирмуҳаммад – директори Пажўҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатӣ, доктори илмҳои таърих, иҷрокунандаи профессор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муҳаббат ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг эътироф мешавад.
Парчами давлатӣ ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар рангҳои худ инъикос намудааст.
Дар омӯзиши идоравӣ баромадкунандагон қайд намуданд, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда, барои интихоби рамзҳои милли озмун эълон намуд. Натиҷаи озмун дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ҷамъбаст гардида, қарори дахлдор қабул карда шуд.
Дар робита ба ин санаи 20 ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағирот ворид карда шуда, ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамчунин дар ҷамъбасти омузиш қайд гардид, ки дар гиромидошти муқаддасоти миллӣ хизматчиёни давлатӣ бояд пешкору пешоҳанг бошанд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


